Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии шартии Эркин Рӯзиев; Салим Иномзода дар ҳабс мемонад


Салим Иномзода
Салим Иномзода

Мақомоти Узбекистон Эркин Рӯзиев,  як муҳаррир (админ)-и гурӯҳи фейсбукии "Тоҷикони Узбекистон"-ро дар бораи чӣ гуна ба саҳифа роҳ ёфтани таронаи Афзалшо Шодиев бозпурсӣ карда муваққатан раҳояш кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, рузи шанбеи ҳафтаи равон барои рӯбарӯ кардан бо Салимҷон Иномзода, сардабири саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон» ба шуъбаи умури дохила ҳозир шавад.


Эркин Рӯзиев рузи 14-уми июл аз тарафи кормандони умури дохила дар шаҳри Бухоро боздошт ва ба Тошканд бурда шуд. Як рӯз пеш аз он рӯзноманигор Салим Иномзода боздошт шуд.


Яке аз дӯстони Эркин Рӯзиев, ки нахост номаш зикр шавад, рузи 17-уми июл дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон аз Эркин пурсидаанд, ки бо чӣ роҳе таронаи Афзалшоҳ Шодиев вориди саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон» шудааст, вале вай даст доштанашро рад кардааст. Ӯ гуфт: «Эркин фаҳмондааст, ки таронаи Афзалшоҳ Шодиев ду сол қабл дар саҳифа роҳ ёфтааст ва намедонад кори дасти кӣ аст”.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи тарзи муомила бо Рӯзиев, дӯсташ гуфт: “Муфаттишон бо ӯ оромона суҳбат карда дар бораи кадом фишоре шикоят накардааст”.


Вай гуфт, аз рӯи иттилое, ки дорад, ӯро то ҳол бо Салим Иномзода рӯбарӯ накардаанд ва баъди он ки рӯзи 15 июл раҳо шудааст, боз муфаттишон телефон карда гуфтаанд, ки барои суҳбат бо Иномзода 20-уми июл ба шуъбаи умури дохилии ноҳияи Мирзоулуғбеки шаҳри Тошканд биравад.
Суруди Афзалшоҳ Шодиев дар бораи "Самарқанду Бухоро" соли 2013 пахш шуда, ба қавли мақомот, соли 2022 дубора дар саҳифаи фейсбукии Салим Иномзода бознашр шудааст.

Бар асоси як санади пулиси ноҳияи Мирзо Улуғбек, алайҳи Салим Иномзода бар асоси моддаи 244 иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз кардаанд. Ин банди қонун истеҳсол ё паҳн кардани маводеро пешбинӣ мекунад, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунад. Аз рӯи ин иттиҳом ба рӯзноманигори тоҷики Узбекистон аз панҷ то ҳашт соли зиндон таҳдид мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG