Шахсияти ҳар яки онҳоро Бахши русии "Би-би-си", "Медиазона" ва гурӯҳи ихтиёриён бар асоси маълумоти дастрас тасдиқ кардаанд. Аз нисф зиёди кушташудаҳо то шурӯи ҷанг бо фаъолиятҳои ғайринизомӣ машғул буданд ва ҳеҷ рабте ба артиш надоштанд.
Таҳқиқоти журналистӣ инчунин дар бораи талафоти зиёд дар миёни ихтиёриён хабар ёфта мегӯяд, ки аксари онҳо дар давоми ду то чор ҳафтаи баъди сафарбарӣ ба ҷанг кушта мешаванд. Айни замон, шумори зиндониҳое, ки ба ҷанг бурда мешаванд, камтар шудааст.
Агар ноябри соли 2023 аз миёни кушташудаҳо дар ҷанг 26 дарсадашон зиндониҳои маҳбасҳои Русия буданд, ҳоло шумори онҳо 18 дарсадро ташкил додааст. Шумори бештарини кушташудаҳо аз Бошқирдистон, Тотористон ва вилояти Свердловск мебошанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Путин ҷанг мехоҳад." Русия сиёсати ҳастаияшро дигар кардСоли оянда ҷанг дар Украина ба поён мерасад?Дар Русия ҳунарпешаи тоҷикро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Украина зиндонӣ карданд