Бахши қазоқии Радиои Озодӣ рӯзи 29 ноябр дар сомонааш хабар дод, ки додгоҳе дар Кӯкшетау сокинони маҳаллӣ Марат Жанузаков, Бауржан Балташев ва Уалихан Негметовро аз рӯи моддаи «майдаавбошӣ» гунаҳгор ва онҳоро ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 20 нишондиҳандаи моҳона вазифадор кард. Дар додгоҳ гуфтаанд, ки дар қарори ниҳоӣ ҳаҷми пардохти ҷарима 30 дарсад кам карда шуд.
Рӯзи 27 ноябр, дар рӯзи сафари Путин ба Қазоқистон ин се нафар дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Остона бо парчамҳои Қазоқистон ва Украина ва навиштаҷоти «Ҷаноби олӣ, аз Қазоқистон... дафъ шав!» эътироз карданд. Зоҳиран ин навиштаҷот ба мазмуни истеҳзо ба матни таблоҳои кӯчаҳои марказии Остона интихоб шуд, ки дар онҳо мақомот навиштанд: «Ҷаноби олӣ, Владимир Путин, ба Остона хуш омадед!» Полис гуфт, ки навиштаҳои эътирозгарон мазмуни дашном ва таҳқир дошт.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон бисёриҳо аз чунин пешвози мақомоти маҳаллӣ ба хашм омаданд ва ВКХ гуфт, матн ба протоколи пешвози президент мувофиқат мекунад, чунки сафари Путин давлатӣ мебошад.
Сафари дурӯзаи Путин ба Қазоқистон, ки он ҷо ҷаласаи сарони кишварҳои СПАД баргузор шуд, шоми 28 ноябр ба анҷом расид. Путин дар ин ҷаласа таҳдид кард, ки ҳамлаҳояшро ба «марказҳои қабули қарор» дар Киев, аз ҷумла, бо истифода аз силоҳи баллистикии «Орешник» идома хоҳад дод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
“Ҷаноби олӣ... дафъ шавед!” Эътироз ба зидди сафари Путин ба ОстонаРусия беш аз 1 миллион нафарро дар Украина бе барқ гузоштСПАД тарҳи тақвияти чораҳои амниятӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро пазируфт