Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД тарҳи тақвияти чораҳои амниятӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро пазируфт


Дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ тарҳи тақвияти чораҳои амниятӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тасдиқ шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қазоқистон рӯзи 28-уми ноябр пас аз поёни ни ҷаласа дар шаҳри Остона, хабар дод. Аммо тафсилоти бештар дар бораи ин тарҳ ҳанӯз рӯи даст нест.

Дар ҳамоиши навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СПАД дар Остона, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок ва суханронӣ кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз тасдиқи Барномаи байнидавлатии ҳадафманди СПАД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, "дар поёни мулоқот сарони давлатҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ғайраро ба имзо расониданд".

Матраҳ шудани масъалаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар нишасти СПАД дар ҳоле аст, ки Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна борҳо дар мавриди таҳдидҳои амниятӣ дар марзи ин ду кишвар ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки эҳтимолан ДОИШ ё гурӯҳҳои тундрави дигар, ки дар Афғонистон ҷойгир ҳастанд, амнияти Тоҷикистонро ба чолиш бикашанд.

Ҳудуди даҳ рӯз пеш дар ҳамлае дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як шаҳрванди Чин кушта шуд ва панҷ тани дигар, аз ҷумла, чаҳор шаҳрванди Чин захм бардоштанд.

Ҳамла ба шаҳрвандони Чин рӯзи 18-уми ноябр дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар пайи ин ҳодиса, манбаъҳои огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳамла аз хоки Афғонистон анҷом шудааст.

Манобеъ рӯзи 28-уми ноябр бар Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз замони ҳамла то кунун намояндагони ҷониби Тоҷикистон ду бор бо Толибон дар як бозори марзӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дидор ва гуфтугӯ кардаанд. Ба гуфтаи манобеъ, Толибон гуфтаанд, ки барои боздошти гумонбарҳо талош мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва "Толибон" то кунун ҳодисаро шарҳ надодаанд. Хабари ҳамла дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳам нашр нашуд.

Вазорати корҳои хориҷии Чин кушта шудани як шаҳрвандашро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рӯзи 19-уми ноябр маҳкум кард ва хоҳони таҳқиқи мӯшикофона шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG