Мусоҳиба рӯзи 22-юми ноябр нашр шуд.
Ба қавли Песков, "дар пасманзари вазъи демографӣ ва барои рушди фаъоли ин кишвар, Русия ба муҳоҷирон эҳтиёҷ дорад". Вале ҳамзамон афзудааст, муҳоҷирон бояд дар Русия қонунӣ биистанд.
"Онҳое, ки ҳузурашон ғайриқонунӣ аст, як мушкил барои Русия мебошанд," -- гуфт ӯ ва илова кард, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ боис ба афзоиши ифротгароии динӣ ва нашъамандӣ мешавад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки баъди ҳамла ба толори “Крокус”, ҳамвора дар Думаи Давлатии Русия ва ҳукуматҳои маҳаллӣ қонуну қарорҳои зидди муҳоҷирони корӣ қабул мешаванд.
Дар баробари ин, бо ширкати матбуоти давлатӣ эҳсоси бегонаситезӣ нисбат ба муҳоҷирон афзуда, амалиёти полис алайҳи коргарони хориҷӣ торафт бераҳмонатар мешавад.
Президент Владимир Путин, ки барои пешбурди сиёсати бегонабадбинӣ дар кишвари бисёрмиллатаи Русия танқид мешавад, гуфтааст, ҳар муҳоҷир бояд забони русиро хуб донад.
Фишору таъқибҳои афзоянда ва гоҳе рафтори ғайриинсонӣ бо муҳоҷирон дар соли ҷорӣ сабаби он шуд, ки даҳҳо ҳазор муҳоҷир ихтиёрӣ ё бо қарори додгоҳ Русияро тарк карданд.
Барои Тоҷикистон, ки бекорӣ мушкили рақами яки мардумаш дониста мешавад, давоми даҳсолаҳо Русия макони асосии кору даромади хонаводаҳо дониста мешуд ва айни замон, Кремлин ҳам аз муҳоҷирон дар мавридҳои зиёд чун фишанги фишор болои Душанбе истифода кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Русия мехоҳад кори муҳоҷирон дар мактаб ва беморхонаҳоро манъ кунад"Вақте пулро гузарондам, дигар ҷавоб надод""Шереметово": Пизишкони русро ба назди бемори тоҷик роҳ надодаандИзҳороти Колоколтсев дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар РусияИдомаи амалиётҳо ба зидди муҳоҷирон ва бо бераҳмии хос дар РусияМуроҷиати як ҷавони асирафтода дар Украина ба Эмомалӣ Раҳмон