“Салом алейкум ҷаноби олӣ. Ман шаҳрванди Тоҷикистон. Маро фиреб карданд, гуфтанд, ки сохтмон ба Луҳанск кор меравӣ, вале Воронеж бурданд, чаҳор рӯз нигоҳ доштанд, баъд ба вилояти Курск бурданд, 11 рӯз ба ҷанг фиристоданд. Дар панҷ дақиқаи ҷанг захмӣ шудам.”
Ин муроҷиати як ҷавони 35-солаи тоҷик аст, ки ба дасти нерӯҳои Украина асир афтодааст ва аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мехоҳад, барои раҳоияш кӯмак кунад. Навори тақрибан нимсоатаи суҳбати муҳоҷир ҳамин ҳафта ба дасти Радиои Озодӣ расид ва маълум нест, таҳти чӣ шароите сабт шудааст.
Ҷавоне, ки сӯҳбат мекунад, мегӯяд, ки чандин сол дар шаҳри Рязан зиндагӣ ва тиҷорат мекард. Аммо чанде пеш корашро аз даст дод ва яке аз шиносҳояш гуфтааст, ки дар сохтмонҳои вилояти ишғолшудаи Луҳански Украина метавонад рӯзе 8 ҳазор рубл кор кунад. Сафар ба онҷо тавассути коммисариати ҳарбӣ сурат гирифтааст.
Ҳоло ҳамсар ва фарзандони ин шаҳрванди Тоҷикистон аз хона берун карда шудаанд ва мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд. Радиои Озодӣ навори муроҷиати тоҷики асирафтодаро дар ихтиёри Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузошт ва мунтазири вокуниши расмӣ аст.
Тақрибан дар се соли охир садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки бархе шиносномаи Русия доранд, аз роҳҳои гуногун ба ҷанги Украина бурда шудаанд. Чанде ихтиёрӣ, дигарон маҷбурӣ бо ваъдаи гирифтани пулу шиноснома, ё раҳоӣ аз зиндонҳои Русия.
Теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанги Украина ҷалб шудаанд, маълум нест. Танҳо исми бештар аз сад нафари онҳо пас аз фавт, ё дар асорат дар Украина расонаӣ гардидааст. Бархе аз расонаҳои Русия аз дафн шудани даҳҳо муҳоҷир дар қабристонҳои Русия хабар додаанд, ва дар байни онҳо шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон ҳам будаанд.
Мақомоти интизомии Русия шикори муҳоҷирон ва фиристодани онҳо ба ҷанги Украинаро сармашқи кори худ қарор додааст. Моҳи гузашта дар ин бора Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия бо хушҳолӣ суҳбат кард.
Ӯ гуфт: “Мо аллакай беш аз 30 ҳазор касеро, ки шаҳрвандӣ гирифтаву хоҳиши дар қайди ҳарбӣ гузоштанро надоштанд, шикор кардем. Онҳоро дар қайд гузоштем ва ҳудуди 10 ҳазор нафарро ба минтақаҳои амалиёти махсуси низомӣ фиристодем. Ба мо мегӯянд, ки дар он ҷо ба мо чӣ даркоранд? (масхараомез )” Кандани хандақ ё истеҳком? Барои ин кор воқеан бозувони қавӣ лозиманд. Онҳо имрӯз сафи воҳидҳои кӯмакрасон ба ҷабҳаро пур мекунанд.”
Ҳамин ҳафта дар вилояти Воронеж як зодаи 45-солаи Тоҷикистонро, барои дар комиссариати низомӣ сабти ном нашудан аз шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд. Мақомоти Раёсати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ӯ дигар барои дар ин кишвар буданаш асоси қонунӣ надорад ва бояд Русияро тарк кунад. Моҳҳои ахир шикояти зиндониён аз Осиёи Марказӣ ҳам дар бораи авҷ гирифтани бадрафторӣ нисбати онҳо дар зиндонҳои ин кишвар ва даъватҳои ба такрор аз онҳо барои рафтан ба ҷанги Украина бар ивази озодиву шаҳрвандӣ афзудааст.
Таҷрибаи маҷбуран ба ҷанги Украина кашондани маҳбусон аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина сар шуд. Он вақт ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” ин таҷрибаро ба роҳ монд. Ба маҳбусон ваъда медонанд, ки пас аз шаш моҳ ҷанг аз адои ҷазо дар маҳбас озод карда мешаванд.
Ба навиштаи расонаҳо, ҳазорон зиндонӣ, ки он вақт ба ҷанг сафарбар шуданд, дар сафи пеши ҷабҳаи Бахмут кушта шуданд. Турбати баъзе аз онҳоро ба Тоҷикистон оварда, дафн карданд.
Барномаи муфассал дар бораи ин масъаларо инҷо бубинед.
Гуфтугӯ