Созмони “Баробарӣ дар ҳоли ҳозир”, ки ин масъаларо дар 7 кишвари Авруосиё таҳқиқ кардааст, мегӯяд, издивоҷҳои бармаҳал ва маҷбурӣ барои занон ва тамоми ҷомеа оқибатҳои бисёр бад дорад ва бояд ин зуҳурот решакан карда шавад. Гузориш ҳамин ҳафта нашр шуд ва "Шикастани монеаҳо: Расидагӣ ба издивоҷҳои кӯдакон, издивоҷҳои бармаҳал ва маҷбурӣ дар Авруосиё ном дорад. Радиои Озодӣ сӯҳбате дошт бо Даряна Грязнова яке аз муаллифони гузориш ва аввал дар бораи вазъ дар Тоҷикистон пурсид.
Даряна Грязнова: “Мо вазъи издивоҷҳои бармаҳал ва маҷбурӣ дар 7 кишвари Авруосиёро таҳқиқ кардем ва Тоҷикистон яке аз онҳост. Пеш ҳама издивоҷи бармаҳал ва ё издивоҷи кӯдакон чист. Издивоҷи кӯдакон, як ақди расмӣ ва ғайрирасмӣ байни ду навҷавонест, ки ҳанӯз 18-сола нашудаанд. Дар гузориши мо, омори издивоҷи кӯдакон ва издивоҷҳои маҷбуриро дар Тоҷикистон ҷамъ овардем ва бар асоси маълумоте, ки мутахассисон ба мо доданд, тақрибан 9 дар сади духтарони аз 20 то 24-сола ба синни 18 нарасида издивоҷ мекунанд. Омори дигар ин аст, ки 7 дар сади духтарони наврас аз синни 15 то 19 -солагӣ ба таваллуд оғоз мекунанд. Ин оморест, ки мо дар гузориш овардаем, вале ин рақамҳо метавонанд, миқёси воқеии масъаларо нишон надиҳанд, зеро маълум кардани издивоҷҳои бармаҳал ба сабабҳои зиёд, аз ҷумла бемасъулиятии мақомоти интизомӣ ва пинҳон нигаҳ доштани волидону духтарон мушкил аст. Омор вуҷуд дорад, вале мушкил, дарки дақиқи масъала аст. “
Радиои Озодӣ: Сабабҳои асосии издивоҷҳои бармаҳал чӣ ҳаст? Чаро волидон духтареро, ки ҳеч чизе дар бораи никоҳу зиндагии муштарак намедонад, ба шавҳар медиҳанд?
Даряна Грязнова: “Сабабҳои умумии то кунун вуҷуд доштани издивоҷҳои кӯдакон ва ё издивоҷҳои маҷбурии бармаҳалро метавон тақсимбандӣ кард. Даряна Гразнова: “Пеш аз ҳама ин хурофот, ақидаҳои кӯҳна дар бораи нақши зану мард аст, аз ҷумла дар ин бора ки чӣ гуна духтар бояд рафтор намояд, кай бояд шавҳар кунад ва ғайраву ҳоказо. Сабабҳои дигар, омилҳои иқтисодӣ аст, Мутаасифона, яке аз сабабҳои асосӣ камбизоатӣ аст, ки волидайнро маҷбур мекунад, духтаронашонро ба издивоҷи бармаҳал маҷбур созанд. Яъне издивоҷ як роҳи сабуктар кардани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ё беҳтар кардани робитаҳои хешутаборӣ аст. Дар умум наметавон гуфт, ки дар тамоми Тоҷикистон мушкили издивоҷҳои бармаҳалро дарк намекунанд. Дар баъзе минтақаҳо мегӯянд, ки ин кор мумкин нест, дар дигар маҳалҳо чунин меандешанд, ки агар духтар дар 18-солагӣ шавҳар накард, пирдухтар ба ҳисоб меравад. Яъне масъала ба минтақаҳо вобаста аст. Агарчӣ тасаввур дар бораи мушкил ба тадриҷ тағйир меёбад, вале омилҳое, ки гуфтам боқӣ мондааанд ва сабаби издивоҷҳои бармаҳал ва маҷбурӣ дар Тоҷикистон мешаванд.”
Радиои Озодӣ: Агар ин мушкил аз байн наравад, барои духтарони наврас чӣ оқибатҳое дорад?
Даряна Гразнова: “Издивоҷҳои бармаҳал барои ин духтаракон оқибатҳои бисёр ҷиддӣ доранд, чӣ барои худашон, чӣ барои ҷомеа. Худи духтарон аз таҳсил мемонанд, аз мактаб мераванд, ба донишгоҳ шомил намешаванд. Ҳамаи ин имконоти иқтисодии онҳоро маҳдуд ва онҳоро пойбанду дастнигар мекунад. Нобаробарӣ ба вуҷуд меояд, худи асоси издивоҷҳои бармаҳал нобаробарӣ аст. Ба ин духтарон ҷабр мекунанд, чӣ шавҳар ва ё аҳли оилаи шавҳар. Хушунати хонаводагӣ, таҷовуз ва маҳрумиятҳои иқтисодӣ. Издивоҷи бармаҳал, заминае барои истисмор ба вуҷуд меорад, ба духтар ҳамчун на як фарди баробарҳуқуқ, балки як нерӯи корие менигаранд, ки бояд тамоми кори хонаро кунад. Дар сатҳи ҷомеа, издивоҷҳои бармаҳал сабаби он мешавад, ки занону духтарон аз таҳсилу равандҳои иқтисодӣ дур мемонанд ва ҳамингуна нобаробарӣ дар миқёси тамоми ҷомеа мерасад. «
Радиои Озодӣ: Аз кадом роҳҳое метавон, издивоҷҳои бармаҳалро аз байн бурд ва ё решакан кард?
Даряна Грязнова: “Мо дар гузориш тавсияҳои фарогирро овардаем ва ба он таваҷҷуҳ кардем, ки дар кишварҳои минтақа қонунҳо бояд ислоҳ шаванд. Масалан бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ издивоҷ бояд аз синни 18-солагӣ иҷоза дода шавад, аммо дар Тоҷикистон волидон ҳақ доранд, синни издивоҷро то 17-солагӣ поён биёранд ва ин корро мекунанд. Баъзан ғайриқонунӣ духтаронро фақат никоҳи динӣ мекунанд ва ақди расмӣ намебанданд. Яъне ислоҳ кардани қонун ҳам кофӣ нест, қоидаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки расидагӣ ба мушкил бояд ҳаматарафа бошад. Яъне ислоҳоти қонунгузорӣ, ислоҳоти маориф ва нақши фаъолонаи ҷомеа дар ҳалли мушкили издивоҷҳои бармаҳал ва маҷбурӣ, чунки фақат бо ислоҳи қонун ин мушкилро аз байн бурдан номумкин аст.”