Тибқи гузориши Маркази омори Эрон, дар як соли гузашта дар ин кишвар дастикам 27 ҳазору 448 духтари зери 15-сола издивоҷ кардаанд. Ин гузориш нишон медиҳад, ки издивоҷҳои бармаҳал дар Эрон рӯ ба афзоиш будааст.
Ин дар ҳоле аст, ки масъулини ҳукумати Иброҳими Раисӣ, президенти Эрон борҳо гуфта буданд, ки бо издивоҷҳои бармаҳал, ки мушкили занонро бештар мекунад, розӣ нестанд.
Тибқи гузоришҳо, издивоҷҳои бармаҳал дар 6 соли ахир дар Эрон коҳиш ёфта буд, вале ҳоло дигарбора рӯ ба афзоиш овардааст.
Бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ Эронро барои издивоҷҳои бармаҳал интиқод мекунанд. Мақомоти Эрон дар посух мегӯянд, ки ҳарчанд ба чунин издивоҷҳо розӣ нест, вале бо дарназардошти ҳолатҳои вижаи хонаводаҳо, ба он иҷозат медиҳанд.