Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар се моҳ дар Тоҷикистон 2300 ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон танҳо дар муддати се моҳи аввали имсол бештар аз 2300 ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд, ки мояи нигаронист. Ба ибораи дигар, ҳар рӯз дар идораҳои давлатӣ ақди никоҳи 25 оиларо буридаанд.

Нашрияи “Садои Мардум”, минбари расмии порлумони Тоҷикистон гуфтааст, агарчӣ омори мазкур дар муқоиса ба семоҳаи аввали соли 2023-ум 618 маврид камтар аст, вале “масъала ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мемонад.”

Сабоҳат Рустам, мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оила ба хабарнигори “Садои Мардум” гуфтааст, хушунати хонаводагӣ, камбизоатӣ, дахолати шахсони сеюм ва хиёнат аз омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон аст.”

Агарчӣ дар кишвар дар солҳои гузашта барои монеъ шудан ба талоқу аз ҳам пошидани хонаводаҳо чанд барнома ва Консепсияи рушди оила дар Тоҷикистон қабул шудааст, аммо суръати вайрон гаштани ин рукни муҳими ҷомеа ҳанӯз ҳам суст нашудааст.

Дар мақола омадааст, яке аз омилҳои асосии дигари талоқу ҷудоиҳо издивоҷҳои бармаҳал аст. Соли 2023 дар Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазор оила аз ҳам пошидааст ва дар ин миён тақрибан 11 ҳазор кӯдак нимаятим мондаанд.

XS
SM
MD
LG