Баҳси суруди миллӣ дар Қирғизистон аз он ҷо сар зад, ки рӯзи 25-уми октябр дар як маросими тантанавие Нурланбек Шакиев, раиси маҷлис гуфт, фурсати иваз кардани суруди миллӣ расидааст. Шакиев дар гузашта ташаббуси баҳсбарангези иваз кардани парчами миллии кишварро пешниҳод карда буд, ки бо дастгирии презиент Содир Ҷабборов қабул шуда буд.
Ин навбат Шакиев гуфт, суруди миллии Қирғизистон чунон мушкил аст, ки “ҳатто парандаҳо тарсидаанд”. Радиои Азаттик, бахши қирғизии Радиои Озодӣ суханҳои Шакиевро чунин иқтибос овардааст:
“Мо парчамро иваз кардем, акнун бояд суруди миллиро дигар кунем. Чунки он замоне, ки қабул мекардем, тоза аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ берун шуда будем ва дар роҳи истиқлолият аввалин қадамҳоро мегузоштем. Хондани он ҳам бисёр душвор аст. Ҳар як қирғиз онро иҷро карда наметавонад. Он як марш аст. Ин ҳақ ва вазифаи Ҷогорку Кенеш аст. Дар фурсати наздик онро иваз мекунем. Як вақт буд, президенти кишварамон, ҳоло номашро намегӯям, ба кишвари хориҷӣ сафар кард. Мегӯянд, ки вақте суруди миллии мо садо дод ва оҳанги «таа-та-та-тан» баланд шуд, паррандаҳои рӯи дарахт парида рафтанд. Вақте гимни суруди мизбон садо дод, паррандаҳо боз гашта ба шохи дарахт нишастанд”, гуфтааст Шакиев.
Президент Содир Ҷабборов аз ташаббуси раиси маҷлис дастгирӣ карда гуфтааст, суруди милли васфи истиқлолияти Қирғизистонро мекунад. “Аз он замон 33 сол гузашт, - гуфт Ҷабборов дар сӯҳбат бо хабаргузории “Кабар” рӯзи 30 октябр. – Мо чун як давлат ташаккул ёфтаем. Моро тамоми ҷаҳон эътироф кардааст. Мо боз васфи истиқлолиятамонро давом дода сад соли дигар дар бораи давлати мустақил шуданамон суруд мехонем?”
Суруди миллии Қирғизистон соли 1992 қабул шудааст. Онро Ҷалил Содиқов, Шабданбек Қулуев, Калий Молдобасанов ва Носир Давлесов эҷод кардаанд.
Яке аз вакилони онзамонаи парлумони Қирғизистон Ҷамин Акималиев гуфт, оҳанги имрӯза аз миёни се пешниҳоди дигар беҳтарин дониста шуда буд. Ӯ гуфт, “гимн як суруди оддӣ нест, он шиори давлат аст. Гимни имрӯза ҳам матну ҳам оҳанги хуб дорад. – гуфт Акималиев дар сӯҳбат бо Азаттик. – Дар оҳанги он ҳам навоҳои мардумӣ, ҳам рӯҳи халқ ва ҳам Манас эҳсос мешавад”.
Баҳси атрофи суруди миллии Қирғизистон идома дорад ва дар миёни онҳое, ки даъвати нав кардани онро ба забон меоранд, бархе мегӯянд, беҳтар аст ҳукумат сари масоили доғтари кишвар тамаркуз кунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Фаъоли мадании қирғизро ба ҳабси хонагӣ гузарондандПешниҳоди як “манъ”-и дигар дар Қирғизистон Қонун дар бораи парчами нави Қирғизистон ба иҷро даромад