Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди як “манъ”-и дигар дар Қирғизистон 


Мейкинбек Абдалиев
Мейкинбек Абдалиев

Вакили порлумони Қирғизистон Мейкинбек Абдалиев лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки истифодаи рамзҳои давлатиро дар либоси таҳпӯш ва ҷӯроб манъ мекунад.

Ба гуфтаи Абдалиев, вақтҳои охир мавридҳои зиёди истифода шудани рамзҳои давлатӣ дар либоси таҳпӯш ва ҷӯробҳо ба назар мерасад, ки "беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ аст".

"Рамзҳои давлатӣ муҳимтарин хусусиятҳои соҳибихтиёрии давлат мебошанд ва аз ин рӯ, барои истифодаи рамзҳои давлатӣ бояд маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ шавад", - афзудааст ӯ.

Ба қонун "Дар бораи рамзҳои давлатии Қирғизистон" чанд рӯз пеш тағйирот дароварданд. Бар асоси он шакли парчами давлатии Қирғизистон иваз шуд.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 20-уми декабри имсол қонуни мазкурро бидуни муҳокима қабул карданд.

Ташаббуси тағйир додани парчами Қирғизистон вокуниши васеи ҷомеаро дар он кишвар ба бор овард. Шаҳрвандони Қирғизистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ эътирози худро аз ин ташаббус баён карданд.

XS
SM
MD
LG