Конноли, ки инчунин иҷрокунандаи вазифаи президенти Маҷмаи парлумонии НАТО мебошад, дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо Бахши украинии Радиои Озодӣ рӯзи 19 октябр гуфт: “Шумо воқеан ҳам мехоҳед, ки артиши Кореяи Шимолӣ дар хоки Аврупо мустақар шуда дар амалиёти зидди Украина истифода шавад? Воқеан мехоҳед? Чаро ин чиз барои Русия зарур аст? Самимона бигӯем, шояд ба он хотир, ки имкониятҳои Русия да ҳоли тамом шудан аст?”
Конгрессеми демократ аз Вирҷиниа гуфт, то ҳол талафоти ҷонии Русия дар ҷанге, ки соли 2022 шурӯъ шуд, 600 ҳазор нафар кушта, захмӣ ва нопадидшуда тахмин зада мешавад. “Ин омор ба рақамҳое наздик мешавад, ки дар давраи амалиёти Барбарос дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон баъди соли 1941 ҳисоб шуда буд”.
Рӯзи 18 октябр оҷонсии истихбороти Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки Кореяи Шимолӣ он рӯз 1500 узви нирӯҳои вижаашро барои тамрин ба Шарқи Дур фиристод. Онҳоро дар пойгоҳи низомии он минтақаи дури Русия барои ширкати баъдӣ дар ҷанги зидди Украина омода мекунанд, гуфтааст сохтори ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ.
Мақомоти Украина навори видеоиеро нашр карданд, ки дар он эҳтимолан даҳҳо сарбози Кореяи Шимолӣ саф кашида муҳимоти низомии русиро дарёфт мекунанд. Кирилло Буданов, раиси истихбороти Украина дар сӯҳбат бо матбуоти маҳаллӣ иддао кард, ки ҳамин ҳоло 11 ҳазор сарбоз аз Кореяи Шимолӣ дар машқгоҳҳои низомии Русия дар Шарқи Дур тамрин мегузаранд.
Агар ин хабар тасдиқ шавад, пеш аз ҳама баёнгари равобити тавсеаёбандаи низомии миёни президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун хоҳад буд. Соли гузашта ду раҳбар созишномаи шарикии стартегиро имзо карданд, ки фароҳам кардани ёриҳои низомӣ ба ҳамдигарро пешбинӣ мекунад. То ҳол тасдиқ шудааст, ки силоҳҳои истеҳсоли Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Украина истифода мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Сафари Путин ба Кореяи Шимолӣ пас аз 24 солПутин гуфт, якҷоя бо Кореяи Шимолӣ таҳримҳоро шикаст хоҳанд дод