Таркиш дар кони ангишти Эрон 51 нафарро кушт

Маҳалли фалокат дар вилояти Хуросони Ҷанубӣ

Дар натиҷаи таркиш дар як кони ангишт дар вилояти Хуросони Ҷанубӣ дар шарқи Эрон камаш 51 кас кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Муҳаммад Ҷавод Қаноат, раиси вилоят рӯзи 22-уми сентябр хабар дод.

Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки ихроҷи гази метан дар шоми 21-уми сентябр сабаби таркиш дар кони ангишт шудааст. Ҳангоми вуқӯи таркиш 70 нафар дар нақбҳои ангиштканӣ кор мекардаанд.

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури ислоҳталаб ва тозаинтихоби Эрон, ки барои сафар ба шаҳри Ню Йорк, ҷиҳати ширкат дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал омодагӣ мегирад, гуфт, дастур додааст, барои наҷоти ангиштканони бандмонда ва кӯмак ба хонаводаҳои онҳо тамоми талошҳои лозимиро ба харҷ бидиҳанд.

Ба қавли раисиҷумҳур, тафтиши ҳодиса аз ҳоло оғоз шудааст. Телевизиони давлатии Эрон, маҳалли ҳодисаро нишон дод, ки ба онҷо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва чархболҳо омадаанд, то захмиёнро ба шифохонаҳо баранд.

Созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, ки амалиёти ҷустӯҷу ва наҷот дар кони ангишт идома дорад. Алӣ Нисоӣ, додситони минтақа ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфтааст, ки ҷамъ шудани газ дар дохили кон, ҷустӯҷуи ангиштканонро мушкил кардааст. Айни замон ба қавли ӯ :”Тамаркуз ба кӯмак ба захмиён ва берун овардани бозмондагон аз зери вайронаҳо равона шудааст.”

Фалокат дар конҳои маъдан дар Эрон дар гузашта ҳам сурат гирифтааст. Соли гузашта таркиш дар як кони ангишт дар шаҳри шимолии Домғон 6 нафарро кушт ва сабаби он ҳам ихроҷи гази гуфта шуд. Моҳи майи соли 2021 натиҷаи фӯру рехтани як нақб 2 конкан ҷон доданд. Соли 2017 таркиш дар Озодшаҳр дар шимоли Эрон сабаби марги 43 нафар шуд ва хашми мардумро барангехт.

Беэътиноӣ ба қоидаҳои бехатарӣ ва хадамоти номуносиб аз сабабҳои такрори фалокатҳо дониста мешаванд. Эрон бар иловаи захираҳои азими нафту газ, маъданҳои табии зиёди дигар ҳам дорад. Ин кишвар солона тақрибан 3.5 миллион тонна ангишт истифода мекунад, вале истихроҷи солонааш 1.8 миллион тонна аст. Бақияро аз хориҷ мехарад ва бештар дар саноати металгудозӣ ба кор мебарад.