Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар кони ангишти Шӯроб. Як нафар ҷон бохта, чанд каси дигар захмӣ шуданд


Кони ангишти Шӯроб, Исфара
Кони ангишти Шӯроб, Исфара

Бар асари таркиш дар кони ангишти Шӯроб як нафар ҷон бохта, чанд каси дигар захмӣ шудаанд. Масъулони корхона гуфтанд, бинобар фарзияи пешакӣ, таркиш аз газе, ки аз дохили нақбҳои зеризаминии кон хориҷ мешавад, ба амал омадааст. Гурӯҳи наҷот ҳоло бо бартарафкунии оқибатҳои ҳодиса машғуланд.

Ҳусейн Бобозода, сармуҳандиси кони Шӯроб, рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодиса тахминан соати 16:30 рух дод. Абдуманнон Тошбоев, сардори бригадаи коргарон, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ӯро ба ташхисгоҳ бурдем ва ҳоло корро муваққатан то бартарафшавии садама қатъ кардем."

Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ мегӯяд, 7 каси дигар дар ин ҳодиса захмӣ шуда, ба беморхона бурда шудаанд.

Тӯйчиқул Муродқулов, сардори минтақавии ҳолатҳои изтирории зеризаминӣ низ афзуд: "Ҳоло кормандон ба ҷойи ҳодиса рафта, кумаки аввалияро расонида истодаанд. Дар сурати маълум шудани хисороти молию ҷонии бештар маълумот пешниҳод хоҳад шуд."

Кони Шӯроб аз калонтарин конҳои истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон аст. Ҳусейн Бобозода, сармуҳандиси кон мегӯяд, ингуна садамаҳо кам рух медиҳанд ва дар даҳсолаи охир нафаре ҳангоми кор дар кон ба ҳалокат нарасидааст.

XS
SM
MD
LG