Дар натиҷаи таркише дар кони ангишт дар шимоли Туркия камаш 40 нафар кушта шудаанд.
Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия рӯзи 15-уми октябр гуфт: “Мо дар умум 40 нафар куштаро ҳисоб кардем. Панҷоҳ ангишткани дигар худашонро наҷот додаанд.”
Ин фалокат, ки рӯзи 14-уми октябр рух дод, яке аз бадтарин садамаҳои саноатӣ дар чанд соли ахир дар Туркия ба ҳисоб меравад. Ба қавли вазири турк, дар умум 58 нафарро аз дохили ин кон дар ноҳияи Амораи вилояти Бартин наҷот додаанд.
Ба қавли мақомот, ҳангоми таркиш дар дохили кон тақрибан 110 нафар кор мекардаанд. Сабабҳои таркиш ва оташ гирифтани кон ҳануз маълум нест. Қарор аст, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 15-уми октябр ба маҳалли ҳодиса биравад.