"Аз ҳазор сомонӣ боло." Харҷи таҳсил дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Сайвалӣ Абдуллоев, сокини шаҳри Душанбе барои хариди либоси мактабӣ ҳамроҳ бо фарзанди 14-солааш ба бозор омадааст. Мегӯяд, соли гузашта барои фиристодани писараш ба мактаб 800 сомонӣ сарф карда буд, аммо имсол нархҳо боло рафтааст.

Қаҳрамони гузориши мо мисли даҳҳо нафари дигар маҷбур аст, ки барои пайдо кардани лавозими мактабии мувофиқ ба ҷайбаш ба чанд дӯкон сар бизанад.

Дар шаҳри Душанбе чандин нуқтаи фуруши лавозими мактабӣ фаъол аст. Калонтарин нуқтаҳо дар бозорҳо аст. Ба гуфти волидон ва худи хонандагон, маҷмӯи сару либос ва ҷиҳози хониш аз ҳазор сомонӣ шурӯъ мешавад.

Исфандиёр Неъмонов донишомӯзи синфи 10 имсол барои сару либоси мактабӣ 1400 сомонӣ сарф кардааст. "Шиму костюм 860 сомонӣ, куртаҳои сафед, ки 3-то харидам 300 сомонӣ, туфлӣ 250 сомонӣ аст. Боз барои китобу дафтару дигар лавозимотҳо 500 сомонӣ сарф кардам."

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар арафаи соли нави таҳсил либоси мактабӣ гаронтар шудааст

Бархе аз фурӯшгоҳҳо дар Душанбе дар пешорӯйи оғози соли таҳсил иқдом кардаанд, ки як бастаи комили сару либоси мактабӣ барои як мактабхонро аз 760 сомонӣ ба боло мефурӯшанд. Ба болои ин арзиши маводи хонишу китобҳо меафзояд. Бархе волидоне, ки имкони бештар доранд, сару либосро аз фурушгоҳҳое мехаранд, ки ба гуфти онҳо, молҳои босифаттар доранд.

Шаҳноз Раҷабова, сокини Душанбе бошад барои ду фарзанди мактабхонаш 2400 сомонӣ сарф кардааст. "Тахминан барои ҳар кадомаш боз 300 сомонӣ лавозими хониш харидем, ки ин ҷо пули китобҳо дохил нест".

Як бахши аслии харҷи мактабро маводу ҷиҳози хониш дар бар мегирад. Ба гуфтаи сокинон, арзиши бархе аз онҳо боло рафтааст. Аммо тоҷирон мегӯянд, нархҳо тақрибан бетағйиранд ва баъзеи онҳо арзонтар ҳам шудаанд. Ризо Ғозизода, фурушанда мегӯяд, соли гузашта дафтар 60 дирам буд, имсол 43-44 дирам аст.

Дар Тоҷикистон пӯшидани либоси расмии мактабӣ барои хонандагон ҳатмист. То чанд сол пеш хонандагонро маҷбур мекарданд, ки ин либосро аз корхонаҳои махсус бихаранд. Баъди шикоятҳои пай дар пайи волидон аз сифати пасти сару либоси ин корхонаҳо ҳоло хариди либос озод аст. Албатта, ҳамоно баъзе шикоятҳо шунида мешаванд.

Вазорати маориф мегӯяд, ки дар Тоҷикистон наздики чор ҳазор мактаб фаъол аст, ки дар онҳо тақрибан 2,3 миллион донишомӯз таҳсил мекунанд. Имсол 250 ҳазор кас бори аввал ба синфи як мераванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Мудири мактаб мегӯяд, чек биёр. Либоси нав харида наметавонем, чӣ кор кунем?" ВИДЕОНазари мардум: Либоси мактабӣ арзон аст ё гарон? Нархи нави либоси мактабиро дар Тоҷикистон эълон кардандПадар дар муҳоҷират; бори зиндагӣ ба дӯши Ҷамшеди хурдсол. ВИДЕО“Омӯзгор намерасад", "донишҷӯ нест" ва "либос – гарон". 1 сентябр дар Тоҷикистон. ВИДЕО