Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нави либоси мактабиро дар Тоҷикистон эълон карданд


Намунаи либосҳои мактабӣ дар Тоҷикистон
Намунаи либосҳои мактабӣ дар Тоҷикистон

Нархи либоси мактабии истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон барои соли нави хониши имсола 220-240 сомонӣ ё беш аз 20 доллар таъин шудааст.

Дар ин бора дар суҳбат бо хабаргузории расмии “Ховар” Абдурауф Пӯлодов, як мақоми Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои ватанӣ то имрӯз беш аз 1 миллиону 700 ҳазор адад сарулибоси мактабӣ истеҳсол кардаанд, ки мутобиқ ба талабот будааст. Инчунин, ба қавли ӯ, ба Тоҷикистон либоси мактабии истеҳсоли Узбекистон ҳам ворид мешавад ва ин либос бояд бо арзиши 180 сомонӣ ба фурӯш гузошта шавад.

Дар Тоҷикистон меъёри ягонаи либоси мактабӣ амал мекунад, вале бо вуҷуди иддаои мақомот дар бораи истеҳсоли либоси босифат, шикоят аз начандон қонеъкунанда будани он ва маҳдуд будани имкони харидории либоси мактабии хуб кам нест.

XS
SM
MD
LG