Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мудири мактаб мегӯяд, чек биёр. Либоси нав харида наметавонем, чӣ кор кунем?" ВИДЕО


Сокини Кӯлоб Фирӯза Абдуллоева дар остонаи шурӯи соли нави таҳсил нороҳат аст. Ӯ ба як корхонаи либосдӯзии маҳаллӣ омада, онҳо дархост намуд, ки барояш расид ё чеки гуё дар ин ҷо харида шудани либоси мактабии бачаҳояшро диҳанд. Маъмурият мегӯяд, чунин корро намекунад, чунки либос дар ин ҷо дӯхтаву харида нашудааст.

Абдуллоева мегӯяд, барои ду фарзанди мактабхонаш кайҳо аз бозор либос харида мондааст, аммо дар мактаи рақами 36-и шаҳри Кӯлоб ӯро маҷбур кардаанд, ки аз корхонаи дӯзандагӣ расид ё чек биорад.

Ӯ аз он нороҳат аст, ки мактаб шарт гузоштааст, ки “агар чек наорӣ, талабаро қабул намекунем”.

"Ҳозир шароит надорам, боз қарз гирифта омадам. Агар мувофиқи талаби маъмурияти мактаб ба хотири расид ё чеки либос фақат юбка ё домани духтарона харам, 160-170 сомонӣ мешавад, зӯрам намерасад," -- мегӯяд Фирӯза Абдуллоева.

Мактаби 36-и шаҳри Кӯлоб бо корхонаи дӯзандагии “Кооператор” шартнома бастааст. Аз волидон тақозо мекунанд, ки танҳо аз ҳамин ҷо либоси мактабӣ харанд. Дар ҳоле ки волидон аз ҳолати амалан маҷбуркунии харидани либоси мактабӣ шикоят доранд, мақомоти ҳукумати Кӯлоб ва ҳам Вазорати маорифи Тоҷикистон инро рад мекунанд.

Саидумар Маҳмадалиев, сокини дигари шаҳри Кӯлоб, ҳам айнан ҳамин ҳолатро дорад. Вай аз он нигарон аст, ки пойфишории волидон ба ҳақ будани худ мабодо боиси бад шудани муносибати маъмурияти мактаб бо фарзандон нашавад.

Маҳмадалиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Мудири мактаб мегӯяд, “чекро бигиру биёр”. Ма ҳам гуфтам, ки мо маслиҳат дорем ва қарори мо ин аст, ки бачаҳо то замони фароҳам шудани шароит барои харидани либоси нав формаи мактабии порсолаашонро бипӯшанд. Лекин директор ҳар рӯз мегӯяд, “чек биёр”. Муносибати мо бо директори мактаб чӣ мешавад, мо чӣ мегӯем?”

"Мегӯянд, расид биёр, вагарна бачаатро ба мактаб намемонем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Корхонаи “Кооператор”, ки масъули таъмини хонандагони шаҳри Кӯлоб бо либоси мактабӣ аст, бо 52 мактаб шартнома бастааст. Чунин қарордодро мактабҳои ноҳияҳои Восеъ ва Бохтар бо корхонаҳои дӯзандагии “Бохтар” ва “Султони Кабир” бастаанд.

Фарқ дар ин аст, ки талаби нишон додани расиди либос инак се сол мешавад танҳо хоси мактабҳои Кӯлоб будааст. Волидон ҳам аз он шикоят мекунанд, ки талаботи ҳатмии фармоишу хариди либос аз корхонаҳое, ки бо мактаби бачаҳои онҳо қарордод бастаанд, мантиқӣ ва одилона нест. Гузашта аз ин, таҳдид ба волидон, ки гуё дар сурати иҷро нашудани ин талабот фарзандашон ба таҳсил роҳ дода намешаванд, дар чанд ҳолат хилофи қонунҳои Тоҷикистон, ба вижа хилофи моддаи 41-и Конститутсияи Тоҷикистон аст, ки мегӯяд, "таълими умумии асосӣ ҳатмӣ аст".

Дар ҳамин ҳол, масъулони корхонаҳои дӯзандагӣ дар Кӯлоб, мисли мақомоти дигар, ҳолати маҷбуркунии харидани либосро рад мекунанд. Гулсумбӣ Иброҳимова, мудири як корхонаи дузандагӣ мегӯяд, дарк мекунад, ки воқеан ҳам на ҳама волидон шароити харидани либоси нави мактабиро доранд ва корхонаи онҳо ҳам ҳақ надорад, ки касеро барои харидани либос маҷбур кунад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бархе дигар волидон мегӯянд, агар ҳам шароити харидани либоси нав барои ҳама фарзандонро дошта бошанд, сифати матоъву тарзи дӯхти либос дар корхонаҳои маҳаллӣ барои онҳо қобили қабул нест.

Мақомот зимни ҷорӣ кардани қоидаи ҳатмии пӯшидани либоси мактабӣ дар мактабҳои давлатии Тоҷикистон соли 2007 гуфтанд, ки ҳадаф пеш аз ҳама таъмини баробарии иҷтимоӣ дар намуди зоҳирии шогирдони мактаб аст. Аммо маҳдуд кардани озодиҳои волидон дар тарзи таъмини либоси фарзандон мояи ҷиддии нороҳатӣ дар остонаи соли нави таҳсил мешавад.

Дар як пурсиши фейсбукии Радиои Озодӣ ҳам ба саволи ин ки "Шумо либосҳои мактабиро аз куҷо ва чанд сомонӣ гирифтед?", бисёре аз корбарон аз нархи либос танқид кардаанд. Баъзе аз корбарон мегӯянд, давлат бояд барои оилаҳои камбизоате, ки тавони харидани сарулибоси мактабиро надоранд, мадад кунад, то иҷрои пурраи талаботи қоидаҳо риоя шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG