Назарсанҷии Маркази таҳқиқоти афкори умум дар Русия, ки ба ҳукумат вобаста аст, нишон додааст, ки баъди ин ҳамла маҳбубияти Владимир Путин якбора 3.5 дар сад коҳиш ёфтааст, ки пасттарин сатҳ аз замони оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина аст.
Ҳафтаи гузашта ба ин суол, ки «Дар умум шумо, аз фаъолиятҳои раиси ҷумҳури Русия розӣ ҳастед, ё не?» бештар аз 73,6 дар сади назардодагон посухи мусбат додаанд. Ҳафтае аз ин пештар теъдоди мардуми розӣ аз фаъолиятҳои Владимир Путин 77.1 дар сад будааст.
Коҳиши обрӯи Путин дар байни мардуми Русияро «Бунёди афкори умум» яке аз созмонҳои дигари таҳқиқотии вобаста ба ҳукумат мушоҳида кардааст.
Агарчӣ нишондодҳои коҳиши обрӯи Владимир Путин бисёр бузург ва саросарӣ нестанд, аммо дар замони сафарбарӣ ба артиш дар соли 2022 ва ҳам ошӯби нофарҷоми Евгений Пригожин, поин рафтани сатҳи ризоияти мардум аз фаъолиятҳои ӯ ба мушоҳида расид.
Ба гуфтаи ҷомеашиносон, ҳангоми назарсанҷиҳо дар шароити ҷангу саркӯб ва истибдод, мардум умдатан ба суолҳо дар бораи вазъ, ё касе посухи мусбат медиҳанд. Дигар инки мусбат вонамуд кардани афкори умум дар ҳукуматҳои худкома муддатҳои тӯлонӣ мушоҳида мешудааст.
Артиши Украина рӯзи 6-уми август ба хоки вилояти Курски Русия ворид шуд ва то кунун дар онҷо ҷанг идома дорад. Фармондеҳони Украина мегӯянд, ки даҳҳо маҳаллаи аҳолинишин, аз ҷумла маркази ноҳияи Суҷаро дар даст доранд, аммо мақомоти Русия ин гуфтаҳоро ё рад мекунанд ва ё шарҳе ҳам намедиҳанд.
Айни замон дар вилояти Курск вазъи фавқуллода эълон шудааст ва аз онҷо 100 ҳазор нафарро ба ҷойи амн кӯч додаанд. Кӯч додани мардум аз вилоятҳои дигари ҳаммарз бо Украина аз ҷумла, вилояти Белгород идома дорад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 24-уми август гуфт, яке аз ҳадафҳои ҳуҷум ба вилояти Курск ба мардуми Русия нишон додани он аст, ки Владимир Путин назар ба мардуми кишвари худ, ҳоло бештар ғами мардуми қаламравҳои ишғолиро мехӯрад.
Ба қавли Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Русия, “То кунун дар андешаи он аст, ки чӣ гуна қаламравҳои ишғолиро дар дасти худ нигаҳ дорад ва дар бораи муҳофизати дурусти мардуми худ намеандешад. Ӯ ҳоло деҳоти кишвари худро бомборон мекунад.”