Владимир Зеленский рӯзи 17-уми август дар Телеграм навишт, дар ин бора аз фармондеҳ Александр Сирский гузориш гирифт.
Нерӯҳои Украина рӯзи 6-уми августи имсол дар ҳамлаи ғофилгирона ба қаламрави Русия 1150 километри мураббаи ин кишварро зери назорат гирифтаанд.
Изҳороти Зеленский дар ҳоле садо дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия Украинаро ба истифода аз мушакҳои амрикоӣ ва куштани "ихтиёриёне, ки барои кӯч додани мардуми ғайринизомӣ кумак мекарданд", муттаҳам кард.
Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 16-уми август дар Телеграм навишт: "Бори аввал аст, ки ба вилояти Курск бо мушакандозҳои ғарбӣ, ғолибан HIMARS-и амрикоӣ зарба заданд."
Тасдиқи мустақилонаи иддаои ӯ номумкин аст.