Ӯ 24 август дар шабакаи Х навишт: “Боз 115 ҳомии мо ба хона баргаштанд. Онҳо ҷанговарони Горди миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, нирӯҳои баҳрӣ ва Хадамоти давлатии марзбонӣ мебошанд”.
Зеленский афзуд: “Мо ҳар яки онҳоро ёд дорем. Ҷустуҷӯи дигарҳо давом дорад ва мо тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, то ки ҳамаро баргардонем”.
"Ман аз ҳар як воҳиди низомӣ, ки фонди мубодилаи моро пур мекунад, миннатдорам", гуфт Зеленский бо ишора ба сарбозони рус, ки дар ҷараёни ҳамлаи идомаёбандаи Украина ба вилояти Курски Русия баъди 6 август асир гирифта шуданд.
Украина қаблан гуфт, он сарбозони русе, ки дар Курск асир афтоданд, ҳамчун "фонди мубодила" барои раҳоии сарбозони украинӣ аз асорати Русия истифода хоҳанд шуд.
Пажӯҳишгоҳи мутолеоти ҷанг дар Амрико бар асоси изҳороти мақомоти Украина тахмин мезанад, ки дар ҳафтаи аввали ҳамла беш аз 2000 сарбози рус асир гирифта шудаанд.
Ба таври ҷудогона вазорати дифои Русия гуфт, ки дар ивази ҳамин миқдор асирони ҷангии украинӣ 115 сарбози худро баргардонидааст.
Дар он гуфта мешавад, ки табодули асирон бо миёнҷигарии Имороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифт.
Дар рӯзи таҷлил аз ҷашни истиқлолияти Украина президент Владимир Зеленский ба истодагарии қаҳрамононаи мардуми ин кишвар дар муқобили таҷовузи бедалели Русия дар 30 моҳи ахир таъкид кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:
"Истиқлолият дар дили ҳар яки мост. Дар ягонагӣ мо пирӯз мешавем... Мо то ҳол истодагарӣ кардем, ба душман муқовимат нишон додем ва ҳоло ӯро ба ботлоқи худаш тела медиҳем. Мо чӣ будани истиқлолиятро медонем, медонем, ки онро эҳёву дифоъ кардан мушкил аст. Вале мо инчунин медонем, ки ҳама чиз аз худи мо вобаста аст”.
"Пирамарди беморе аз Майдони Сурх"
Дар ин рӯз ҳеҷ маросими калон ё мутантане барпо нашуд.
Ҷашни истиқлолият дар ҳолест, ки нерӯҳои украинӣ дар минтақаи Курски Русия, ки ҳаммарз бо Украина аст, ба гуфтаи Киев, беш аз 1260 километри мураббаъ ва 92 маҳаллаи аҳолинишинро таҳти назорати худ дароварданд.
Украина мегӯяд, ин ҳамла, ки Маскавро ғофилгир карду элитаи ҳокими Русияро такон дод, ба хотири таъсиси як минтақаи буферӣ аст, ки ба тирборони пайвастаи Маскав ба манотиқи ғайринизомии Украина ва зерсохторҳо аз он тарафи марз хотима бигузорад.
Раҳбарияти Украина борҳо тавзеҳ додааст, ки баръакси ҳуҷуми дуюнимсол пеши Русия, ин иқдоми онҳо на бо ҳадафи ба даст овардани қаламрав аст. Зеленский дар паёми худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт: "Бояд байни мо ва душман сарҳади мустаҳкам бошад ва байни украиниҳо девор набошад, зеро Украина дар ҳар яки мост".
"Онҳое, ки мехостанд заминҳои моро ба минтақаи буферӣ табдил диҳанд, акнун бояд аз минтақаи буферӣ шудани заминҳои худ дар ташвиш бошанд”, гуфт ӯ. "Ин аст посухи истиқлолият".
Зеленский инчунин ба таври ғайримустақим президенти Русия Владимир Путинро ҳушдор дод, ки ҷанги ӯ ноком мешавад ва гуфт, "пирамарди беморе аз Майдони Сурх... ба мо хатҳои сурхи худро дикта намекунад".
"Мо чӣ гуна зиндагӣ мекунем, кадом роҳро пеш мегирем ва чӣ интихоб мекунем -- танҳо Украина ва украиниҳо инро худашон муайян мекунанд. Зеро истиқлолият ҳамин тавр кор мекунад", - афзуд ӯ.
Истиқлолият чист?
Дар ҳоле ки ҳамлаи Украина ба Курск идома дорад, Русия талош дорад ба вилояти шарқии Украина – Донетск фишор оварда ба маркази минтақавии Покровск дастрасӣ пайдо кунад.
Сарбозони украинӣ, ки дар шарқ меҷанганд, рӯзи истиқлолро бо силоҳ дар даст таҷлил карданд. Бархе аз онҳо дар бораи маънои истиқлол бо бахши украинии Радиои Озодӣ ибрози назар карданд.
Денис, афсари бригадаи механиконидашудаи 93, гуфт, ки насли ӯ масъулияти ҳифзи истиқлолияти Украинаро барои ояндаи фарзандони худ ба ӯҳда дорад.
Денис гуфт, "Буздилии волидон фарзандонро ба ғулом табдил медиҳад. Мо барои он мубориза мебарем, ки фарзандони мо ба ғулом табдил наёбанд".
Виталий , сарбози бригадаи механиконидашудаи 93-юм ба Радиои Озодӣ гуфт: "Вақте бе фишор аз болои сарат худат озодона нафас мекашӣ, инро истиқлолият мегӯянд”. "Айни замон истиқлол маънои озодӣ аз [русҳо], хотима додан ба ҷанг, осмони амн ва наҷоти кӯдакони мо аз маргро дорад", гуфт Виталий.
Додситонии кулли Украина гуфт, ки рӯзи 24 август дар шаҳри Костянтиновка дар шарқи Украина бар асари оташи Русия 5 нафар кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. "Дар натиҷаи ин ҳамлаи душман 5 нафар сокинон -- се мард ва ду зан - захмҳои марговар бардоштанд", - гуфта мешавад дар изҳороти додситонӣ.
Украина, ки инфрасохтори ғайринизомӣ ва энержии он аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия осеб мебинад, дар навбати худ моҳҳои охир иншооти нафту сӯзишвориро дар дохили Русия ҳадаф қарор додааст, чун онҳо барои артиш кор мекунанд. Дар ҳамлаи ахири ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ субҳи 24 август як анбори муҳимоти ҷангӣ дар ноҳияи Острогожски вилояти Воронежи Русия ба коми оташ рафт.
Ҷашни истиқлол бо силоҳ дар даст
Александр Гусев, раиси минтақаи Воронежи Русия гуфт, шаби 24-уми август бо сабаби ҳамлаи бесарнишинҳо дар ноҳияи Острогожск сӯхтор ва таркиши «маҳсулоти тарканда» шурӯъ шудааст.
Ӯ гуфт, ки сӯхтор бо сабаби афтодани боқимондаҳои бесарнишини нобудшуда сар зад. Вале ӯ мушаххасан нагуфт, ки кадом муассиса оташ гирифтааст. Телеграм-канали Astra гуфт, ки манзур як анбори силоҳ аст.
Ба ҷуз ин анбор, дар Острогожск як муассисаи таълимии зиддитонкӣ барои тарбияи мутахассисони ҷавон амал мекунад, ки ба Вазорати дифоъ тааллуқ дорад. Гусев навишт, ки дар се маҳаллаи ноҳияи Острогожск ҳолати фавқулода ҷорӣ мешавад.
Ба иттилои ӯ, аз як маҳалли зист тахминан 200 нафар берун бурда шудаанд. Як зан дар ҳолати сангин бистарӣ ва дигараш сабук маҷрӯҳ шудааст.
Раиси вилояти Белгород Вячеслав Гладков ҳам дар бораи ҳамлаи бесарнишинҳо дар шаби гузашта хабар дод. Дар натиҷа, дар деҳаҳои Малиновка ва Вейделевка ду нафар маҷрӯҳ шуданд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, шаби 24 август ҳафт бесарнишини монанд ба ҳавопайморо дар фазои вилоятҳои Воронеж, Белгород ва Брянск нобуд карданд.
Гуфтугӯ