Аз талоши рахнагарии интихоботи Амрико тавассути WhatsApp пешгирӣ шуд

Ширкати Meta гуфт, масъулони маъракаҳои интихоботии Амрикоро аз талошҳои рахнагарӣ бо истифода аз паёмрасони  WhatsApp ҳушдор додаанд.

Қаблан аз айни чунин талошҳои рахна кардани маъракаи интихоботи президентии Амрикоро аз ҷониби Эрон ширкатҳои фаннии Google ва Microsoft ҳам пешгирӣ карданд.

Интихоботи президентии Амрико бо ширкати Камала Ҳарриси демократ ва Доналд Трампи ҷумҳурихоҳ моҳи ноябр баргузор мешавад.

Meta хабар дод, ки ҳамаи саҳифаҳои машкук ва монанд ба сохташудаи рахнагарон дар WhatsApp масдуд карда шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Камала Ҳаррис гуфт, бо диктаторҳо ва золимон муомила намекунад"Мегӯянд, ҳама чиз барои мардон аст." Камала Ҳаррис ва "занситезон"