Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камала Ҳаррис гуфт, бо диктаторҳо ва золимон муомила намекунад


Камала Ҳаррис
Камала Ҳаррис

Камала Ҳаррис, ноиби президенти Амрико, дар анҷумани Ҳизби демократ пешбарии номзадияшро ба мақоми раиси ҷумҳур расман пазируфт. Ӯ шаби 21 август дар суханроние ваъда дод, ки бо низомҳои худкома мубориза мебарад, дар канори Украина меистад ва аз манфиати амрикоиҳо ҳимоят мекунад.

Рӯзи охири анҷумани Ҳизби демократ дар Чикаго гузашт. Камала Ҳарриси 59-сола дар маркази таваҷҷуҳ буд. Ӯ гуфт: "Аз номи ҳар як нафаре, ки сарнавишти ӯ метавонад дар саҳифаҳои таърихи беҳтарин кишвари ҷаҳон дарҷ ёбад, пешбарии Шуморо ба номзадии президентии Амрико қабул мекунам."

Ҳаррис аз бахшҳои муҳимтарини сиёсаташ гуфту рақибаш, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва президенти собиқ Доналд Трампро ба тарзи муносибаташ бо ҳампаймонҳои Амрико танқид кард.

Вай гуфт: "Аз сӯи дигар, Трамп таҳдид дорад, ки НАТО-ро тарк мекунад. Бо ин ҳарфаш, ки гуфт, Русия “ҳар коре, ки мехоҳад, бикунад”, Путинро ташвиқ кард, то ба ҳампаймонҳои мо ҳамла кунад. Панҷ рӯз пеш аз он ки Русия ба Украина ҳамла кунад, ман дар мулоқот бо президент Зеленский ӯро аз нақшаҳои ҳамлаи Русия огоҳ кардам. Ман дар сафарбаркунии кумаку ҷалби ёриҳои 50 кишвар барои ҳимоят алайҳи таҷовузи Путин мусоидат кардам. Ҳамчун президент ҳам дар канори Украинаву ҳампаймонҳои НАТО маҳкам меистам."

Камала Ҳаррис расман довталаби курсии президенти ИМА шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Ҳаррис қавл дод ҳамчунин дар муқобили Эрон меистад ва Трампро барои дӯстиаш бо раҳбарони диктаторҳо маҳкум кард: "Барои ҳимоят аз нерӯҳову манфиатҳои мо дар муқобили Эрон ва террористони мавриди ҳимояти Эрон ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ амале, ки зарур аст, парҳез намекунам. Ва ман бо диктаторҳову золимоне ба монанди Ким Чен Ун, ки дар талоши эҷоди равобит бо Трамп ҳастанд, муомила намекунам. Онҳо хуб медонанд, ки бо хушомаду лутф аз ӯ осон мешавад истифода кард. Онҳо медонанд, ки Трамп раҳбарони худкомаро ба ҷавобгарӣ намекашад, чун худаш як худкома аст.”

Маъракаи таблиғотии Ҳаррис як моҳ пеш, дар пайи аз рақобат канор рафтани президент Ҷо Байден сар шуд. Суханронии ӯ ҳам барои намоиши корномаву ҳам нақшаҳои баъдиаш муҳим дониста мешавад. Як таҳлилгари сиёсӣ гуфт, ин чиз барои обрӯи президентии Камала Ҳаррис ҳам зарур аст.

Роберт Грос, профессори умури сиёсии Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ гуфт: "Раъйдиҳандагоне, ки бо ӯ ошно нестанд, мехоҳанд бубинанд, ки оё ӯ воқеан ҳам метавонад президент бошад? Оё ӯ тавони сӯҳбат ва муколама бо он раҳбарони хориҷиро дорад, ки ҳампаймони Амрико нестанд? Масалан, бо як қатор кишварҳое, ки Трамп бо онҳо муомилаи хуб дорад, Ҳаррис шеваи сахттарро интихоб кард."

Ҳаррис инчунин дар муроҷиат ба ҳама гурӯҳҳои дигари сиёсӣ дар Амрико ваъда дод, ки аз ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ҳимоят мекунад. Ӯ ва номзад ба мақоми муовини президент Тим Волтс дуюним моҳ вақт доранд, то дар остонаи интихоботи моҳи ноябр дили амрикоиҳои бештарро ба даст оваранд.

XS
SM
MD
LG