Дар ин бора рӯзи 3 август нашрияи амрикоии The New York Times бо такя ба ду манбаи огоҳ аз тафтишот хабар додааст.
Дар миёни афроди боздоштшуда – афсарони аршади иктишофӣ ва мақомдорони низомӣ мебошанд, ки барои таъмини бехатарии шаҳри Теҳрон ва ҳам қароргоҳе, ки дар он Ҳания зиста буд, масъулият доштанд.
Муфаттишон ҳамаи дастгоҳҳои фаннии онҳоро мусодира кардаанд. Илова ба ин, тамоми дурбинҳои фурудгоҳҳои Теҳронро мавриди омӯзиш қарор додаанд, чун бовар меравад, ки қотилони раҳбари Ҳамос ҳанӯз дар қаламрави Эрон мебошанд.
Нашрия бо такя ба мақомдорон дар Ховари Миёна ва Эрон менависад, ки Ҳания рӯзи 30 июл аз таркиши бомба кушта шуд ва ин бомба ҳанӯз ду моҳ пеш аз баргузории маросими савгандёдкунии президент дар манзил гузошта шуда буд.
Аз ин пеш Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ин иддаоҳоро рад карда гуфт, ки Ҳания дар натиҷаи таркиши мушаки исроилӣ ба ҳалокат расид. Исроил, ки қаблан ваъда дода буд, ки раҳбарон ва иқтидори низомии Ҳамосро нобуд мекунад, масъулияти куштори Ҳанияро ба дӯш нагирифтааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Эрон ва"Ҳизбуллоҳ" аз посухи қатъӣ гуфтанд. Нетаняҳу: "Ба ҳар сенарио омодаем"Артиши Исроил гуфт, Муҳаммад Зайф дар Ғазза "кушта шуд"NYT: Хоманаӣ дастури ҳамла ба Исроилро содир кардаастПайомади куштори Исмоил Ҳания чӣ хоҳад буд?Аз урдугоҳи оворагон то ҷангу сиёсат. Исмоил Ҳания кӣ буд?Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии "Ҳамос" дар Теҳрон кушта шуд