Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо дар соли 2023 барои беҳтар кардани иқтидори низомии худ қариб ду миллиард доллар харҷ кардаанд. Тарс аз низоъҳои дохилӣ, нооромӣ дар марз ё ҷанг дар Украина - чӣ мақомоти ин кишварҳоро водор мекунад, ки хароҷоти низомии худро зиёд кунанд ?
Узбекистону Туркманистон ҳаҷми хароҷоти низомии худро пинҳон мекунанд. Аммо харҷи низомии Қазоқистону, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соли 2023 дар маҷмӯъ як милларду 800 миллион доллар ҳисоб шудааст.
Ин рақамҳоро Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти масоили сулҳи Стокҳолм (SIPRI) нашр кардааст. Бино ба иттилои расонаҳо, соли гузашта Қазоқистон нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии худ (1 милларду 298 миллион доллар), Тоҷикистон - 1 дар сади ММД (120 миллион) ва Қирғизистон ним дар сади ММД (ё 208 миллион доллар)-ро ба артишу нерӯҳои ҳарбии худ сарф кардаанд.
Ба навиштаи "Садои Амрико", Қазоқистон барои бахши низомии худ имсол 9 дар сад бештар маблағгузорӣ кардааст. Узбекистон ҳам ба ин бахш 260 миллион доллар маблағи зиёдтар ихтисос додааст.
Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ошкор аз нақшаи таҳкими иқтидори низомии худ мегӯянд. Шавкат Мирзиёев эълон карда буд, ки то соли 2030 артиши Узбекистон замонавӣ ва соҳиби беҳтарин аслиҳа хоҳад шуд. Раҳбари Туркманистон дар як ҷаласаи ахир ба Вазорати дифои ин кишвар супориш дод, ки омодагии ҳарбиро тақвият бахшад.
Пажӯҳишгари минтақа, Питер Леонард мегӯяд: "Аз сӯе, ин ҷо гап сари нуфуз аст. Раҳбарони худкома намоиши силоҳҳои гаронарзишро дӯст медоранд. Мо мебинем, ки дар гашти низомӣ ҳар сол мақомоти Туркманистон силоҳҳои нав ва муҳимоти ҷангӣ аз Чин, Аврупо ва аз кишвраҳои дигарро намоиш медиҳанд. Ин тамоюл дар тамоми Осиёи Марказӣ дида мешавад”.
Сабаб чист? Раҳбарони минтақа афзоиши хароҷотро ба омилҳое чун ҷанҷолҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷанг дар Украина, вазъ дар Қарабоғи куҳӣ ва бесуботӣ дар Афғонистон рабт медиҳанд.
Питер Леонард мегӯяд, раисҷумҳурон дар Осиёи Марказӣ шояд ангезаҳои дигаре ҳам барои тақвият додани бахши дифоии худ доранд.
Пас аз даргирӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар соли 2022 раҳбарони ин кишварҳо ҳам ошкор аз нақшаи таҳкими артиши худ гуфтанд.
Қамчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон эълон кард, ки дар ду сол ба ин бахш беш аз як миллард доллар сарф шудааст. Қисми зиёди ин маблағ барои хариди силоҳҳои пуриқтидори мисли бесарнишинҳои Байрақтар ва Aksungur, чархболҳо ва тақвият додани низоми дифои ҳавоӣ харҷ шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистон чӣ?
Тоҷикистон ҳам қафо намемонад. Ду соли пеш дар кишвар корхонаи истеҳсоли бесарнишинҳо таъсис ёфт. Ҳамчунин, бино ба хабарҳо, ҳукуматдорон барои хариди ҳавопаймои бесарнишини Байрақтар ба маблағи ним милион доллар бо Туркия созишнома бастанд.
Коршиносон мусобиқаи низомии Қирғизистону Тоҷикистонро гуногун арзёбӣ мекунанд. Бархе бар ин боваранд, ки омодагӣ ба ҷанг ин пайёми хатарнок аст.
На фақт ҷангу даргириҳо, балки балки тағйирот дар заминаи геополитикӣ ҳам сабаби афзоиши харҷи низомӣ дар минтақа шудааст. Агар қаблан дар масоили амниятии Осиёи Марказӣ Русия нақши калидӣ дошт, ҳоло сафи шарикони низомиаш зиёд мешавад. Акнун Туркия, Эрону арабистони Саудӣ, Амрико, Чин, Олмон Фаронса ва Беларус ҳам ба ин кишварҳо силоҳу техникаи ҳарбӣ дастрас мекунанд. Вале ба назари коршиносон ин ҳама наметавонад кишварҳои минтақаро аз нигоҳи сиёсӣ устувор кунад.
"Агар ҳукмуматҳои Осиёи Марказӣ, нерӯ ва муҳимоти ҳарбиро калиди суботи кишварҳои худ медонандду ба масоили ислоҳоти сиёсӣ таваҷҷӯҳи кам мекунанд, пас онҳоро паёмади ногувор интизор аст," - гуфт Питер Леонард.
Вай аз ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ёдовар шуд, ки нишон дод, сармоягузории чашмрас ба артиш ҳам натавонист пеши роҳи бесомониҳоро гирад.
Дар гузориши "Садои Амрико" гуфта мешавад, сокинони минтақаҳои ноором афзоиши сармоягузорӣ ба артишро муҳим медонанд, вале пеш аз он ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоиро аз ҳукуматҳои худро интизоранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Кишварҳои Осиёи Марказӣ хароҷоти ҳарбии худро афзудаанд. Чӣ мешавад?Сенати ИМА бастаи хароҷотро дар ҳаҷми 1,2 триллион доллар қабул кард