Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти масоили сулҳи Стокҳолм (SIPRI) гуфтааст, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон дар соли 2023 барои бахши низомии худ дар умум 1,8 миллиард доллар сарф карданд. Узбекистон ва Туркманистон оморро пинҳон медоранд.
Созмони байнулмилалии Global Firepower (GFP) дар оғози соли 2023 Тоҷикистонро аз лиҳози иқтидори низомӣ дар байни 140 давлат дар ҷойи 120-ум гузошт. Ба ҳисоби онвақтаи созмон, буҷаи низомии Тоҷикистон 94 миллион доллар ва аз Қирғизистон 116 миллион доллар буд.
“Садои Амрико” бо такя ба маълумоти расонаҳои минтақа нигоштааст, ки буҷаи низомии Тоҷикистон дар тӯли соли 2023-юм 120 миллион доллар ва аз Қирғизистон 208,5 миллион долларро ташкил дод.
Мақомот дар минтақа афзоиши хароҷотро ба омилҳое чун ҷанг дар Украина, низоъ байни Арманистону Озарбойҷон, ҷанҷолҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ ва бесуботӣ дар Афғонистон рабт додаанд.
Рӯзноманигор Петер Леонард, пажӯҳишгари Осиёи Марказӣ, афзоиши харҷҳои низомиро то андозае масъалаи обрӯву эътибор донистааст, “зеро раҳбарони худкома бо силоҳҳои гаронбаҳо худнамоӣ кардан мехоҳанд”.
“Мо намунаи равшани онро дар Туркманистон мебинем. Мансабдорон дар онҷо ҳангоми парадҳои ҳарсолаи низомӣ силоҳу таҷҳизоти навро аз Чин, Аврупо ва кишварҳои дигар ба намоиш мегузоранд. Мо ин тамоюлро дар саросари Осиёи Марказӣ мушоҳида мекунем,” – гуфтааст ӯ.
“Садои Амрико” афзоиши харҷҳои низомиро дар Осиёи Марказӣ як нишонаи тағйири вазъи геополитикӣ номидааст.
“Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (иттифоқи Русия ва панҷ ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Беларус ва Арманистон), ки зери нуфузи Русия қарор дорад, таърихан дар масоили амниятӣ дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозидааст. Аммо дар солҳои охир кишварҳои дигаре ба мисли Туркия, Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Амрико, Чин, Олмон ва Фаронса шарикони низомии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шудаанд,” – навишт расона.
Дар ҳар сурат, Петер Леонард бар ин назар аст, ки афзоиши хароҷоти низомӣ дар кишварҳои минтақа ба гумон аст, суботи сиёсиро дар Осиёи Марказӣ тақвият кунад.
“Агар ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаҳое чун ислоҳоти сиёсӣ таваҷҷуҳи кофӣ накарда, нерӯҳои мусаллаҳро калиди таҳкими субот дар кишварҳояшон медонанд, онҳоро “сюрприз”-и ногуворе мунтазир аст,” -- гуфтааст ӯ.
“Масалан, Қазоқистон ба артиши худ сармояи калон ҷудо мекунад. Аммо оё он метавонад рӯйдодҳоеро ба мисли эътирозҳои умумимиллӣ дар моҳи январи соли 2022, ки тамоми Қазоқистонро такон дод, пешгирӣ кунад?” -- суол гузоштааст Петер Леонард.