"Шабакаҳои тақсимоти барқ" корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО”-ро барои напардохтани 37 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст. “ТАЛКО” нисбат ба дигар корхонаҳои саноатӣ нерӯи барқро дар ҳаҷми 51 дирам арзонтар дастрас мекунад, вале сарфи назар аз ин яке аз бузургтарин қарздорони барқ ҳаст.
Хусрав Ҷалилзода, додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ, 1-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, баҳс сари 37 миллион сомонӣ (қариб 3,5 миллион доллар) меравад, ки "Шабакаҳои тақсимоти барқ" даъво дорад, “ТАЛКО” бояд онро пардохт кунад.
“Қарз ба соли 2020 рост меомадааст, лекин намояндаи Ширкати Алюминии Тоҷик мегӯяд, қисме аз ин маблағро пардохт кардаанд, вале аз сӯи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дуруст ҳисоббаробаркунӣ нашудааст,”-афзуд ӯ.
Ба қавли додрас, талошҳо барои созиши ҷонибҳо сурат гирифтааст, вале то ҳол ба натиҷае нарасидаанд. Дар бораи шарту шароити созиш чизе гуфта нашуд, чун ба гуфтаи Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ қарори ниҳоӣ дар ин бора қабул нашудааст.
Ҳабибулло Мақбулов, сухангӯи корхонаи “ТАЛКО” 2-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ин баҳс назари худро мегӯянд, вале то лаҳзаи таҳияи гузориш ба пурсиши мо посух надод.
Муҳаммад Ғуломзода, масъули " Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар суҳбат ба Радиои Озодӣ қарздории “ТАЛКО”-ро аз истифодаи нерӯи барқ тасдиқ кард, вале мавзуъро шарҳ надод. Вай гуфт, дар ин бора маълумот надорад, шояд ширкати “Барқи тоҷик” масъаларо шарҳ диҳад. Дар “Барқи тоҷик” аз ин баҳс изҳори бехабарӣ намуда, гуфтанд, дар робита ба ин масъала худи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" посухгӯ аст.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳси напардохтани пули барқ аз сӯи ширкати “ТАЛКО” дар ҳолест, ки Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ин ширкатро яке аз калонтарин қарздор аз барқ эълон кард. Масъулини ин ниҳод 25-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, “ТАЛКО” аз ҳисоби истифодаи барқ 492,5 миллион сомонӣ (46 миллион доллар) қарздор аст.
“ТАЛКО” нерӯи барқро нисбат ба дигар корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ арзон дастрас мекунад. Арзиши як киловат/соат нерӯи барқ барои корхонаҳои дигари саноатӣ 70,35 дирам, барои аҳолӣ 30,75 дирам, вале барои корхонаи “ТАЛКО” 18,6 дирам пешбинӣ шудааст.
“ТАЛКО” бузургтарин корхонаи саноатии кишвар аст, ки ба истеҳсолу содироти алюминӣ машғул аст. Қаблан вазири молияи Тоҷикистон гуфта буд, ки корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО” дар баробари 6 корхонаи дигар кори худро дар соли 2022 бо зарар ҷамъбаст кардааст.
Масъалаи идоракунӣ ва суду зиёни ин корхона солҳои гузашта интиқоди зиёдро ба миён оварда буд. Соли 2008 ва дар айни буҳрони бебарқӣ дар Тоҷикистон, бархе чеҳраҳои маъруф аз ҷумла руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода пешниҳод карда, ки корхонаи “Талко” фурӯхта шавад ва нерӯи барқи масрафмекардаи он дар зимистон ба мардуми кишвар дода шавад. Ба дунболи ин баҳсҳо қарори ҳукумат содир шуд, ки “ТАЛКО” нерӯгоҳҳои “Норак” ва “Роғун” моликияти миллӣ эълон шуд ва фурӯхтан ва ё хусусигардонии онҳо тибқи қонун манъ аст.