Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси додгоҳии Вазорати молия ва "Талко" бар сари пул


Ҳафтаи оянда баҳси додгоҳии Вазорати молияи Тоҷикистон бо корхонаи азими алюминий ва "Талко менеҷмент" баргузор хоҳад шуд.

Даъвогар дар ин баҳс Вазорати молия аст, ки мегӯяд, ширкати "Талко менеҷмент" фоиз ё баҳраҳои қарзи вазоратро саривақт напардохтааст ва акнун бояд бо ҷарима баргардонад.

Бар асоси иттилое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, "Талко менеҷмент" ба Вазорати молия беш аз 914 ҳазор доллар (11 миллиону 885 ҳазор сомонӣ) ва 1 миллиону 842 ҳазор юани чинӣ (37 миллиону 605 ҳазор сомонӣ) фоизи қарзҳоро саривақт насупорида, муқаррароти созишномаи байни ду тарафро иҷро накардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ, байни ду тараф “баҳс дар бораи хидматрасонии қарз вуҷуд дорад ва дар додгоҳ баррасӣ мешавад.”

Ширкати “Талко” қазияро шарҳ надодааст ва ҷузъиёт ҳам маълум нест.

Корхонаи алюминийи Тоҷикистон бузургтарин корхонаи давлатӣ ва саноатии кишвар аст, ки солона садҳо ҳазор тонна алюминий истеҳсол ва содирот мекунад ва дар гузашта ҳам дар додгоҳҳо баҳсҳои молӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG