Ӯ гуфт, диаспораҳо камшуморони миллӣ буда дар пушти номи созмонҳои миллию фарҳангӣ пинҳон мешаванд то ки манфиатҳои худро пеш бурда ба идораҳои ҳукуматӣ дар Русия таъсиргузор шаванд.
Вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев пешниҳод кардааст, ки диаспораҳо ё ҷамъиятҳои миллӣ дар Русия, агар дар кори онҳо шаҳрвандони хориҷӣ иштирок ва рамзҳои давлатҳои бегонаро истифода кунанд, бояд “иттиҳодия” ном дода, “агенти хориҷӣ” эълон шаванд.
Додгоҳҳои Русия баъди ҳуҷуми артиши ин кишвар ба хоки Украина ҳазорҳо созмон ва шахсиятҳои алоҳидаро тамғаи баҳсбарангези “агенти хориҷӣ” доданд, чун ошкор зидди ҷанг садо баланд карданд.
Маълум нест, оё ин навбат пешниҳоди Матвеев қабул мешавад ё не. Ҳанӯз вокуниши аъзои Думаи давлатӣ ба ин пешниҳоди ӯ маълум нест.
Вале моҳи май пешниҳоди аввалин бор садододаи ӯ дар Думаи давлатӣ танқид шуда буд. Аз ҷумла, муовини аввали Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба масоили миллатҳо Илдар Гилмуддинов дар сӯҳбат бо “Газета.ру” гуфт, пешниҳоди Матвеев баёнгари ноогоҳии ӯ аз масоили вобаста ба сиёсати миллӣ аст. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, “бо мавзӯи равобити байнимиллатҳо бояд ҳамкорони донандаи қонунҳо ва сиёсати миллӣ машғул шаванд. Вақте ту фарқи байни диаспора, муҳоҷирон, иттиҳодия, автономияро намедонӣ, чунин мешавад, ки шаҳрвандони кишвари мо, ки миллати дигар доранд ва хостори ҳифзи забон, анъана, фарҳанги худ ҳастанд, гӯё ба ҷинояткор баробар карда мешаванд. Нарм карда гӯем, ин кори хуб нест”.
Ӯ афзуд: “Ман Федератсияи миллию фарҳангии автономии тоторҳоро дар Қазон раҳбарӣ мекунам. Шаҳрвандони мо дар тамоми кишвар қарор доранд. Яъне чӣ, онҳо диаспора ҳастанд?”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
«Даъвои Матвеев беасос аст»
Як раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Русия, ки собиқаи беш аз 30-солаи кор бо муҳоҷиронро дорад, даъвои вакили Думаи давлатиро беасос номид. Исми ӯро бо далелҳои амниятӣ нашр намекунем, вале дар шарҳи назараш рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ ӯ гуфт, бар асоси қонунҳои амалкунандаи Русия, танҳо шаҳрвандони ин кишвар ҳақи таъсиси ҷамъиятҳои миллиро доранд ва кори ин созмонҳо ҳам бар асоси қонунҳои Русия ба роҳ монда мешавад. Ӯ гуфт:
“Як бахши кори онҳо (ҷамъиятҳо) ба муҳоҷироне рабт мегирад, ки аз Тоҷикистон омадаанд. Онҳо барои рушди забону фарҳанги миллии худ бояд дар доираи қонунҳои Русия кор кунанд. Ин ҷамъиятҳо барои он сохта мешаванд, ки забону фарҳангу маданияти худро нигоҳ кунанд дар ҳар давлате, ки бошанд. Ин дар ҳама қонунҳои байналмилалии дунё ҳаст. Ин даъвои ӯ беасос аст. Ҳамаи ин равишу ҷафише, ки ҳаст, баъди (ҳамлаи террористӣ) ба “Крокус” аст...
Агар дар Русия ҷамъиятҳои тоҷикон набошанд, ба ин бечораҳо (муҳоҷирон) дигар ҳеҷ кас ёрдам карда наметавонад. Ба он сурат аст, ки ҳам маданиятро пуштибонӣ мекунанд ин ҷамъиятҳо, дар ҷаласаҳои губернатору дигару дигарҳо мераванд, иштирок мекунанд, хабарҳоро омада ба тоҷикҳо мерасонанд, ба тоҷикон мегӯянд, “ин хел накунед, он хел накунед, қавонинро вайрон накунед”. Аз дасти консулгарие, ки ин ҷо кор мекунад, ҳеҷ чиз намеояд. Онҳо ба ғайр аз ду документ додан ягон кор аз дасташон намеояд...
Ҷамъиятҳои миллии тоҷикон дар Русия аз замоне пайдо шуданд, ки мардуми мо ба ин ҷо гуреза шуда омаданд. Онҳо ҳеҷ ҳуқуқе надоштанд. Маҷбур шудем, ки ҷамъият бисозем ва аз ҳамин одамон дифоъ кунем. Инҳоро милисаҳо мезаданд, ба хонаҳояшон медаромаданд, пулҳояшонро мегирифтанд. Имрӯз акнун боз ҳамон корҳо сар шудааст, помолкунии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия. Дар дигар давлатҳо баръакс ба онҳо кор медиҳанд, мехононад, хобгоҳ медиҳанд, ҳуҷҷатҳояшонро дуруст мекунанд...”
Баъди ҳамла ба толори консертии канори Маскав 22 март ва дар қатли 144 нафар гумонбар шудани асосан шаҳрвандони Тоҷикистон, мақомот дар Русия ҳамаҷониба фишору саркӯби муҳоҷиронро шадидтар кардаанд. Аксар ташаббусҳои нав барои маҳдуд кардани шароити будубоши коргарони хориҷӣ дар Русия бо меъёрҳои ҳуқуқи инсон дар ихтилоф аст. Дар авҷи бӯҳрони саркӯбҳои муҳоҷирон моҳҳои апрел ва маи имсол вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват карданд, ки муваққатан ба Русия нараванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ду зодаи Тоҷикистон ва як узбекистонӣ ба "қасди куштор"-и вакили рус айбдор шудаандБастрикин иттиҳоми як тоҷикро аз “авбошӣ” ба “сӯиқасд ба куштор” табдил додДар Русия мехоҳанд муҳоҷиронро аз тариқи симкорт назорат кунандРусия "режими ихроҷи муҳоҷирон"-ро ҷорӣ мекунад. Чӣ иваз мешавад?Оҷонсӣ аз ширкатҳои русӣ хост, ки вақти парвоз ба мусофирон ғизо диҳанд Дар ним сол ба Тоҷикистон 180 тобут овардаанд