Писари вазири собиқ Гул Шералиро ҷарима бастаанд

Диловар Шерализода (Гулов). Акс аз бойгонӣ

Маъмурони милиса дар Душанбе писари яке аз вазирони собиқи ҳукумат ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дигарбора барои қонуншиканӣ дастгир кардаанд.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22-уми июл бо нашри як баёния гуфт, Диловар Шерализодаи 28-соларо барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи мошини гаронбаҳояш "Тойота Ленд Крузер" ва насби чароғҳои махсус барои мошинҳои милиса дастгир кардаанд.

Маълум нест, ки ӯро ба боздоштгоҳ бурдаанд ё не, аммо Диловар Шерализодаро барои ин қонуншиканиҳо зиёда аз 11500 сомонӣ ва ё бештар аз 1000 доллар ҷарима бастаанд.

Ӯ, ки писари Гул Шералӣ, вазири собиқи энергетика аст, дар гузашта барои авбошӣ ва дигар ҷиноятҳо ҷазо гирифтаву зиндонӣ ҳам шудааст.

Яке аз фарзандони дигари Гул Шералӣ, домоди президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Чунин рафтори писарони мансабдорони собиқ ва ё феълиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баёнгари худсарӣ ва беэътиноии онҳо ба қонун номидаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"2500 мошин дар анбор истодааст." Номаи Хадамот ва дархости тоҷиронВКД расман ҷустуҷӯи Диловар Гулов, писари Гул Шералиро эълон кард