Ҳалокати 13 нафар дар Ғазза

16 июл, Хон Юнус. Зани фаластинӣ маҷрӯҳ шудааст

Дар ҳамлаҳои ҳавоии шаби гузашта дар ду урдугоҳи паноҳандагони воқеъ дар маркази Ғазза дастикам 13 нафар кушта шуд.

Дар ин бора мақомоти тандурустии фаластинӣ хабар дод. Дар миёни қурбониёни урдугоҳҳои паноҳҷӯёни “Нусейрат” ва “Бурейҷ” се кӯдак ва як зан мебошанд, гуфт хадамоти кӯмаки изтирории тиббии Фаластин.

Дар паи ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил дар таърихи 7-уми октябри порсол Исроил зидди ин гурӯҳ ҷанг эълон кард ва то имрӯз, ба иттилои вазорати беҳдошти Ғазза, 38900 сокини он кушта шудаанд.

Интиқодҳои байналмилалӣ аз Исроил барои идомаи оташи ҷанг ва марги афзояндаи сокинони мулкии Ғазза кам намешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Вазорати тандурустии Ғазза омори нави қурбониёнро нашр кардДар задухӯрдҳои Ғазза даҳҳо кас ҷон бохтаастМақомот гуфтанд, дар ҳамлаҳои Исроил дастикам 17 фаластинӣ ҷон додДаъват ба қатъи ҷанг дар Украина ва Ғазза