Хабаргузории Reuters бо истинод ба Хадамоти тиббии Ғазза, ки тобеи "Ҳамос" аст, иттилоъ дода, ки дар ин задухӯрдҳо беш аз 57 кас кушта шудааст.
"Ҳамос" Исроилро ба он гунаҳкор карда, ки бо ҳадафи ба ҳам задани талоши кишварҳои арабӣ ваИМ А барои эъломи оташбас, зарбаҳоро ба навори Ғазза афзоиш додааст. Исроил мегӯяд, ҳадафи ӯ пок кардани навор аз ҷиҳодиён аст.
Дар Рафаҳ, шаҳре дар ҷануби Ғазза, ки аз моҳи май ба ин сӯ таҳти идораи исроилиҳо аст, 5 фаластинӣ дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ҷон бохтааст. Дар шаҳри Хон-Юнис, дар наздикии Рафаҳ низ ду кудак ва волидонашон кушта шудаанд.
Ҳамчунин рӯзи сешанбе дар натиҷаи зарбаи ҳавоии неруҳои Исроил ба як автобус, дасти кам 17 фаластинӣ кушта ва 26 тани дигар захмӣ гаштаанд.