Артиши Русия ба роҳҳои оҳан ва иншооти энергетикии Украина ҳамла кард

19 июл, паёмадҳои ҳамлаҳои мушакии Русия ба шаҳри Николаев

Артиши Русия шаби ҷумъа ба шанбе ба шаш минтақаи Украина бо мушаку  ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамлаҳо анҷом дод.

Ин навбат зербиноҳои нақлиётиву энержӣ осеб диданд, мошини ёрии таъҷилӣ ба коми оташ рафт ва аз марги ду нафар гузориш шуд. Нерӯҳои ҳавоии Украина аз ҳамлаҳо ба вилоятҳои Харков, Полтава, Сумӣ, Чернигов ва Киев хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳамла аз ҷониби чаҳор мушаки навъи “Искандар” ва 17 ҳавопаймои бесарнишин анҷом шудааст. Шаҳри Барвенковои вилояти Харков мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи раиси пулиси вилоят Владимир Тимошко, ду нафар кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд. 50 хонаи истиқоматй, биноҳои маъмурй, иншооти коммуналй ва воситаҳои нақлиёт зарар диданд.

Як роҳи оҳан дар минтақа мавриди ҳамла қарор гирифт ва чаҳор нафар маҷрӯҳ шуд. Ба илова, чандин бинову васоити ҳаракати нақлиёт хароб шудааст, мегӯяд ширкати “Укрзализница».

Ҳаракати қатораҳои самти Киев-Харков боздошта шуд. Дар вилояти Полтава баъд аз оташборони шабона 16 маҳалла бо 3,8 ҳазор аҳолӣ бебарқ монд, менависад хабаргузории "Украинская правда". Дар Херсон дар паи ҳамлаҳои ҳавоӣ як мошини ёрии таъҷилӣ ба коми оташ рафт. Бино ба изҳороти ҳукумати вилоят, як бинои маъмурӣ ва 105 бинои истиқоматӣ осеб дидааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Зеленский: Пирӯзии эҳтимолии Трамп барои Украина сахт хоҳад будУкраина ва Русия 190 асирро иваз кардандОлмон кӯмаки низомӣ ба Украинаро коҳиш медиҳад