Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ва Русия 190 асирро иваз карданд


Русия ва Украина даври нави табодули асиронро дар формати “95 ба 95” анҷом додаанд. Иваз кардани асирон бо миёнаравии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом шудааст.

Вазорати дифои Русия бо нашри ин хабар гуфт, низомиёни озодшударо бо ҳавопаймо ба Маскав интиқол доданд.

Дертар Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ҳам иваз кардани асиронро тасдиқ карда навишт, боз 95 муҳофизи ватан ба хона баргаштанд.

Аз оғози таҷовузи Русия ба Украина чанд навбати табодули асирон анҷом шудааст. Аз ҷумла моҳи июни имсол ду тараф 90 асириро иваз карданд.

XS
SM
MD
LG