Иттиҳоди Аврупо хостори ҳамкорӣ бо президенти нави Эрон шуд

Масъуди Пизишкиён барандаи интихоботи президентии 5-уми июл гардид

 Иттиҳоди Аврупо дар паи эълони натиҷаҳои интихоботи президентии Эрон гуфт, омода аст бо барандаи интихобот Масъуди Пизишкиён вориди музокирот шавад.

Набила Массалӣ, сухангӯӣ сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар як изҳорот дар шабакаи Х навишт: “Мо натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар Эронро ба инобат мегирем ва Эрону президенти интихобшуда Масъуди Пизишкиёнро табрик мегӯем”.

Ӯ дар идома навишт: “Мо омода ҳастем бо ҳукумати нав мутобиқ бо сиёсати мушорикати муҳими Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ бикунем”.

Пизишкиён ба “равобити созгор” бо давлатҳои ғарбӣ ва азсаргирии музокираҳои ҳастаии соли 2015-и миёни Эрону далватҳои ғарбӣ даъват кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури нави Эронро табрик гуфтМасъуд Пизишкиён - табиб ва ҷарроҳи дил раиси ҷумҳури Эрон шуд