Масъулини Маркази милли тестӣ мегӯянд, имсол бештар аз 100 ҳазор довталаб худро сабти ном кардаанд. Соли гузашта шумораи довталабон 96 ҳазор буд.
Замира Абдусаломзода, масъули Маркази миллии тестӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “солҳои гузашта бисёриҳо барои таҳсил дар хориҷа ҳуҷҷат месупориданд, имсол шумораи довталабоне, ки ба хориҷа мерафтанд, камтар шуд.”
Абдусаломзода афзуд, ин ниҳод ҳанӯз сабабу омилҳои афзоиши шумораи хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои оливу миёнаи махсусро таҳлил накардааст. Аммо ба тахмини бархе коршиносон, яке аз сабабҳо метавонад бад шудани вазъи тоҷикон дар Русия пас аз воқеаи “Крокус” бошад. Дар пайи ин ҳамла шикояти муҳоҷирон аз боздошт, шиканҷа ва ихроҷ аз Русия зиёд шуд.
Гузориши видеоиро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳмон Улмасов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳазор ҷойи ройгоне, ки Русия барои довталабони тоҷик ҷудо карда буд, пур шудааст, вале бо ин вуҷуд шароити муҳоҷирон дар Русия ва ҳодисаҳои ахир дар ин кишвар метавонад ба ин раванд таъсир гузорад.
“Ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандаш куҷое хондан равад, бехатариаш таъмин бошад. Лекин ба ин шароитҳо, рӯзе нест, ки ахбори умум дар бораи муҳоҷирон хабар надиҳад, албатта ин таъсир мерасонад”- афзуд Раҳмон Улмасов.
Бар асоси омори расмӣ, дар муассисаҳои олии таълимии Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик таҳсил доранд. Феълан маълум нест, ки имсол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар Русия чӣ қадар тағйир ёфтааст.
Кам шудани шумораи довталабони таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон баъди соли 2021 ва қабули қонуни нави даъват ба артиш як масъалаи доғ буд. Барои ҳамин нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ чанд сол боз иҷро намешавад. Аз ҷумла соли 2023 бештар аз 121 ҳазор ҷой пешбинӣ шуда, вале фақат 55 дарсади он пур шуд.
Коршиносон дар гузашта борҳо таъкид кардаанд, ки яке аз омилҳои асосии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён Қонуни нави даъват ба артиш мебошад. Бар асоси ин қонун, хамткунандаҳои кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо дигар аз хидмат дар артиш озод нестанд.
То қабули ин қонун, донишҷӯёни шаш донишгоҳу донишкадаи кишвар дар кафедраи ҳарбӣ хонда, баробари хатм соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд.