Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷиратро сабаби кам шудани донишҷӯён дар Тоҷикистон гуфтанд


Абдувосит Шодиниё
Абдувосит Шодиниё

Масъулони Маркази Миллии Тестӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, муҳоҷирати корӣ монеи иштироки ҳазорҳо довталаб дар имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳу донишкадаҳо шудааст.

Соли гузашта зиёда аз 96 ҳазор кас дар Марказ худро сабтином карданд, аммо беш аз 12 ҳазори онҳо ба имтиҳонҳо наомаданд.

Абдувосит Шодиниё, муовини раиси Маркази Миллии Тестӣ, рӯзи 6-уми феврал муҳоҷиратро сабаби асосӣ номид. Ӯ гуфт: “Дар инҷо ҳиссаи бештарро муҳоҷират ташкил медиҳад. Беш аз 19 дарсади пурсидашудаҳо ҷавоб додаанд, ки сабаби дар имтиҳон иштирок накардани онҳо муҳоҷират аст.”

Ҳар сол ҳазорҳо ҷавони тоҷик барои ёфтани кору маоши муносиб ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд.

Ба қавли Шодиниё, пурсидашудаҳо ҳамчунин надоштани пули пардохти таҳсил, иҷоза надодани волидону ҳамсар, писанд наомадани ихтисос ё донишгоҳу донишкадаро сабаби дигари ширкат накардан дар имтиҳонҳо гуфтаанд.

Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ чанд сол боз иҷро намешавад. Ба иттилои расмӣ, дар соли 2023 бештар аз 121 ҳазор ҷой пешбинӣ шуда, вале 55 дарсади он пур гардидааст.

Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, раиси Маркази Миллии Тестӣ, “зиёд будани ҷойҳои нақшавӣ, кам шудани шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ”-ро аз сабабҳои дигар унвон кард.

Коршиносон дар гузашта борҳо таъкид кардаанд, ки яке аз омилҳои асосии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён Қонуни нави даъват ба артиш мебошад. Бар асоси ин қонун, хамткунандаҳои кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо дигар аз хидмат дар артиш озод нестанд.

То қабули ин қонун, донишҷӯёни шаш донишгоҳу донишкадаи кишвар дар кафедраи ҳарбӣ хонда, баробари хатм соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд. Аммо қонуни нав ин имтиёзро аз байн бурд ва акнун донишҷӯён вазифадоранд пас аз хатми таҳсил як сол дар артиш хидмат кунанд. Қонуни нав ҳамчунин магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд.

Абдураҳмон Қурбонов, як масъули Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, пештар аз он интиқод кард, ки донишҷӯён бо ҳар баҳона аз донишгоҳ ихроҷ ва ба артиш бурда мешаванд. Масъулони Маркази Миллии Тестӣ иддао доранд, ки кам шудани хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳ натиҷаи қонуни даъват ба артиш нест.

XS
SM
MD
LG