Суол аз мардум: Чаро хушунат дар оила аз байн намеравад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар як сол дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор мавриди хушунат ё зӯроварӣ дар оила сабт шудааст. Дуним ҳазор маврид хушунати мардон ба занон ва панҷсад маврид хушунати занон ба мардон. Ин омори расмист ва омори ғайрирасмӣ метавонад аз ин бештар бошад. Хабарнигори Радиои Озодӣ ин дафъа аз сокинон ва роҳгузарон пурсид, ки оё дар оила хушунат дидаанд?