Муҳоҷирати кории баъзе аз тоҷикон дар Руминия. Шаҳриёр чӣ гуна роҳ ёфт?

Шаҳриёр Ҳалимзода

Вазъи бади муҳоҷирон дар Русия дар солҳои охир тоҷиконро дар фикри ҷустуҷӯ ва ёфтани макони нави кору зиндагӣ андохтааст.

Дар ин шумораи "Рӯзгори муҳоҷир" дар бораи кор дар Руминия маълумот медиҳем. Дар мисоли қаҳрамони барнома, Шаҳриёр Ҳалимзода, мебинем, ки тоҷикон дар ин давлати нодори Аврупо чӣ тавр ҷойи кор пайдо карда, зиндагии наздиконро дар Тоҷикистон беҳбуд бахшидаанд.

ДОСТОНИ ШАҲРИЁР

Шаҳриёр Ҳалимзода, муҳандиси 23-сола аз Тоҷикистон, тақрибан ду сол боз дар Руминия кор мекунад. Кишваре, ки дар охири соли 2023 ба ҳавза ё минтақаи Шенген пазируфта шуд.

Ӯ мегӯяд, ҳоло фурсате расидааст, ки муҳоҷирони тоҷик масири худро аз Русия ба давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Аврупо, тағйир бидиҳанд, “то ҳам худашон рушд кунанд ва ҳам дидгоҳашон". Худаш ба онҷо тавассути эълоне роҳ ёфтааст.

Қаҳрамони барномаи мо нақл кард, ки падараш муҳандис аст ва дидани кори ӯ шавқашро нисбат ба ин пеша бедор кард. Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон малакаи худро дар корхонаҳои ватанӣ санҷид ва сипас имкониятҳоро дар кишварҳои дигар ҷуст.

Мегӯяд, ҳоло сардори як гурӯҳи синафарӣ, асосан хориҷиҳо, дар ширкати “Holcim” дар Руминия аст. Ин ширкати швейтсарии сементу чарха, пораҳои омодаи бетон ва масолеҳи дигари сохтмонӣ истеҳсол мекунад ва дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон намояндагӣ дорад.

Шаҳриёр Ҳалимзода афзуд, муҳоҷирати кориро барои беҳбуд бахшидани вазъи хонавода интихоб кард, аммо оромиши равониро ҳамоно дар назди волидон пайдо мекунад, ки чашм ба роҳи ӯ ҳастанд.

  • Тоҷикон дар Руминия чӣ қадар ҳастанд ва чӣ кор мекунанд?
  • Оё дарёфти раводиди кор ба кишварҳои аврупоӣ саҳл аст ё сангин?
  • Муҳоҷирони тоҷик бояд чӣ гуна рафтор кунанд, то сарсон нашаванд?

Посухи ин ва суолҳои дигар дар барномаи “Рӯзгори муҳоҷир” ҳаст ва дар инҷо:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Русия нашуд, Аврупо меравем!" (Рӯзгори муҳоҷир #24)