Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори муҳоҷир: Аз зиндони Русия то тиҷорат дар Қазоқистон


Лаҳзае аз барномаи "Рӯзгори муҳоҷир"
Лаҳзае аз барномаи "Рӯзгори муҳоҷир"

Як ҷавони тоҷик, ки 5 соли умраш дар зиндони Русия гузаштааст, ният дорад, хотираҳои зиндагии худро дар маҳбас ва берун аз он дар шакли як китоб пешниҳоди хонандаҳо кунад.

Шамсуддини 32 сола қиссаи зиндагии пурпечутоби худро аллакай навишрта ва ҳоло талоши нашри китобашро дорад. Мегӯяд, вақте баъди солҳо аз зиндон раҳо шуд, бовараш намеомад, ки дар озодӣ аст ва фикр мекард ин хоб аст.

То зиндон ӯ як зиндагии оддӣ дошт. Мисли даҳҳо ҷавони тоҷик барои пешбурди рӯзгор муҳоҷир шуд ва дар мағозае дар шаҳри Твери Русия кор мекард. Ба нақли худаш бо як муътоди маводи мухаддир ошно шуд ва ин шиносоӣ ҳам пойи ӯро ба зиндон кашид.

Шамсиддин мегӯяд, тӯли солҳои маҳбусӣ номаҳои модар буд, ки дилашро ба зиндагӣ гарм ва ӯро ба ояндаи нек умедвор мекард.

Моҳи июни соли 2019 ӯ ба озодӣ баромад ва ба ватан баргашт. Баъди чанд моҳ тақдир ин ҷавонро бори дигар имтиҳон кард. Модарашаро аз даст дод, такягоҳ ва қуввати дилашро, ки дар лаҳзаҳои мушкили баъди зиндон барои мутобиқ шудани Шамсуддин ба зиндагии маъмулӣ бисёр талошу кӯмак мекард.

Марги модар Шамсуддинро таккон дод, ӯ тавонист зиндагияшро аз нав бисозад. Баъди адои ҳукм ин ҷавонро аз Русия барои ҳамеша ронданд ва ӯ кишвари дигарро барои фаоълияташ интихоб кард.

Ҳоло мусоҳиби мо дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон тиҷорати худро мечархонад. Мегӯяд, кору зиндагӣ дар ин кишвар беҳтар аз Русия аст ва агар кас талош кунад, метавонад барои худ зиндагии хубу шоиста бисозад.

Қиссаи зиндагии қаҳрамони навбатии "Рӯзгори муҳоҷир"- ро инҷо бубинед.

Ман нашикастам! Тоҷик дар зиндонҳои Русия зиёд аст (Рӯзгори муҳоҷир #18)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:38:47 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG