Тафтишот 1700 нафарро ҷабрдидаи ҳамлаи “Крокус” номидааст

Бар асоси санадҳои додгоҳи ноҳияи Басманний, 1700 нафар ҷабрдидаи ҳодисаи ҳамла ба  толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав дониста мешавад.

Ин маълумотро “Медиазона” аз қарори додгоҳ оид ба тамдиди ҳабси чор гумонбари ширкат дар ҳамла дарёфтааст.

Дар ин ҳодиса 800 нафар чун шоҳид сабт шудаанд. То ҳол мақомот гузориш додаанд, ки беш аз 20 мавриди кофтукоб анҷом ёфта, 650 мавриди санҷиш таъин шудааст. Дар миёни онҳо инчунин санҷишҳои баллистикӣ, муоинаи фаннии оташнишонӣ ва санҷиши муҳандисию сохтмонӣ таъин шудаанд.

20 нафар айбдоршаванда мебошанд, ки дастикам 12 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. 18 нафар дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва ду нафар бо шарти берун нарафтан дар озодӣ қарор доранд.

Ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” шоми 22 март рух дод ва дар он ҳодисаҳо 144 нафар кушта шуд. Як қисми онҳоро ҳамлагарон бо тири туфанг куштанд, вале аксарият дар натиҷаи сӯхтор ва нафасгир шуда ҷон доданд.

Шохаи Хуросони гурӯҳи мамнӯи «Давлати Исломӣ» иддао кард, ки ин ҳамларо ҷангҷӯёни он анҷом додаанд. Дар Ғарб ҳам ба ин иддао бовар мекунанд.

Ҷониби Русия мегӯяд, ки дар пушти иҷрокунандагони ҳамла Украина истодааст. Киев ин иттиҳомҳоро рад кардааст.

Чор нафаре, ки онҳоро иҷрокунандаи бевоситаи ҳамла меноманд, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳамаи онҳо бераҳмона ва ваҳшиёна шиканҷа шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шароити муҳоҷирон ва терроризм. Ба вазири рус дар Тоҷикистон чӣ гуфтанд? Ҳамлаи "Крокус" ба кори фурудгоҳи Кӯлоб таъсир расондСафири Туркия: "Ҳадафи мо эҷоди мушкил барои тоҷикон нест"Бортников гуфт, аз рӯи ҳодисаи Крокус 20 нафар боздошт шудаастЧаро Манижаро дар Русия азият доданд?Азияти муҳоҷирон баъди ҳамла ба толори "Крокус"-и канори Маскав афзоиш ёфтаастМуҳлати ҳабси Исломов, писаронаш ва як қирғизистонӣ дар Русия дароз шудТамдиди ҳабси гумонбарони ҳамла ба "Крокус"