Ба навиштаи хабаргузории словакии TASR, мурофиаи додгоҳии ин марди тоҷик рӯзи панҷшанбе, 30-уми май баргузор шуд ва гумонҳои пешинаи Шӯрои амнияти Словакия ва баъдан мақомоти муҳоҷирати ин кишварро дар бораи хатарнок будани ӯ тасдиқ намуд.
Исм, синну сол, ҷузъиёти дигари вобаста ба шахсияту машғулияти ин марди тоҷик нашр намешавад. Мақомот дар Тоҷикистон ҳам дар ин муддат ҳеҷ гоҳ дар бораи ин мард ва боздошташ хабаре нашр накардаанд.
Аз оғоз мақомоти Словакия танҳо гуфтаанд, ки ин шахс соли 2022, замони ҳуҷуми Русия ба хоки Украина аз он кишвар дар миёни анбӯҳи паноҳҷӯён ба Словакия рафт ва дархости паноҳандагӣ намуд. Бар асоси иттилои маҳдуде, ки аз забони мақомоти вазорати умури дохилии Словакия моҳи март нашр шудааст, ин марди тоҷик дар Украина бар асоси ҳақи иқомат ба сар мебурд.
25-уми март дар изҳороти матбуотиаш Матуш Шутай-Эшток ин шаҳрванди Тоҷикистонро узви "созмони ҳамкори ДОИШ" номида, гуфта буд, ки ӯ барои гирифтани паноҳандагӣ ба мақомоти Словакия муроҷиат кард, вале посухи рад гирифт.
TASR бо такя ба дафтари матбуоти ВКД-и Словакия рӯзи 31-уми май навишт, қарори мақомоти муҳоҷират “дуруст ва қонунӣ” арзёбӣ шудааст. Вазорат гуфт, Додгоҳи маъмурии минтақаи Кошитсе рӯзи 30 май қарор кард, ки ба марди тоҷик дар хоки Словакия паноҳандагӣ дода нашавад. Ба ӯ истирдод таҳдид мекунад ва то он замон дар боздоштгоҳи Сечовтсеи минтақаи Кошитсе нигаҳдорӣ мешавад.
Маълум нест ин мард дар додгоҳ ба ҳимояти худ чӣ гуфтааст ва то куҷо ӯ дар ҷараёни мурофиа ба вакили дифоъ дастрасӣ дошт.
Аввал шуда дар бораи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Словакия рӯзи 25-уми март вазири корҳои дохилии ин кишвар Матуш Шутай-Эшток хабар дода буд. Он замон ҳам бидуни бурдани номи ин мард вазир гуфт, мақомоти Словакия маълумотро дар бораи ин шаҳрванди Тоҷикистон аз хадамоти махсуси ду кишвари хориҷӣ гирифтаанд.
"Новобаста ба он ки пулис шахсияти ӯро медонист ва ба воситаи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, гумонбар дар Словакия озодона мегашт," – илова кард Матуш Шутай-Эшток. "Ҳанӯз соли 2022 бояд дастгир ва ба Украина бозпас фиристода мешуд," – гуфт ӯ ва масъулияти, ба гуфтааш, “ин бебандуборӣ”-ро ба дӯши ҳукумати пешини Словакия вогузор кард. Ин ҳукумат то моҳи октябри соли 2023 сари кор буд.
Вилояти Кошитсе дар шарқи Словакия ҷойгир буда, бо Украина ҳамсарҳад аст. Маълум нест чӣ шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ба сар мебаранд, вале январи соли 2024 ҳам додгоҳе дар ин кишвари аврупоӣ парвандаи як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро баррасӣ намуд, ки ҳамчунин қаблан дар Украина мезист.
Амриддин Холмуродови 37-сола ҳам моҳи феврали соли 2022 ҳангоми гузаштан аз сарҳади ин кишвар ба Словакия дастгир шуд, чун боздошти ӯро дархости байнулмилалии Тоҷикистон донистанд.
Вале таҳқиқи додгоҳу мақомоти тафтишотӣ собит кад, ки Холмуродов танҳо барои интиқоди ошкор аз ҳукумати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва норизоияташ аз сиёсати имрӯзаи Душанбе ба “барангехтани кинаю адовати динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва “даъват ба ифротгароӣ” гумонбар дониста мешуд. Додгоҳи Кошитсе моҳи январ Холмуродовро аз ҳабс озод кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Тамоюли саркӯбгарӣ дар Тоҷикистон бадтар мешавад"Мақомоти Чех гуфтанд, ҷосуси рус аз шиносномаи тоҷикӣ истифода кардаастСафари шаҳрвандони 41 кишварро ба Тоҷикистон осон кардаандБоздошти як зодаи Тоҷикистон ба гумони "терроризм" дар СловакияСловакия як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистонро раҳо кардаастЧаро Аврупо баъзе аз тоҷикону узбекҳоро "депортатсия" мекунад?