Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як зодаи Тоҷикистон ба гумони "терроризм" дар Словакия


Матуш Шутай-Эшток
Матуш Шутай-Эшток

Як зодаи Тоҷикистонро ба гумони терроризм дар Словакия дастгир кардаанд. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Словакия Матуш Шутай-Эшток рӯзи 25-уми март хабар дод, аммо номи гумонбарро нагуфт.

Вай гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳаққи иқоматро дар Украина дошт, соли 2022 дар миёни анбӯҳи паноҳандагон дохили Словакия шудааст.

"Гумонбар дастгир шудааст ва ҳоло ҷараёни истирдоди ӯ баррасӣ мешавад. То 20-уми июл ё аз он пештар ба зодгоҳаш Тоҷикистон ва ё ба Украина истирдод хоҳад шуд," – афзуд вазир.

Матуш Шутай-Эшток ин шаҳрванди Тоҷикистонро узви "созмони ҳамкори ДОИШ" номида, гуфт, ӯ барои гирифтани паноҳандагӣ ба мақомоти Словакия муроҷиат кард, вале посухи рад гирифт.

Бо гузашти як рӯз аз изҳороти вазири умури дохилии Словакия, наздикони гумонбар ва ё мақомоти Тоҷикистон вокуниш накардаанд. Маълум нест, худи гумонбар дар бозпурсӣ чӣ гуфтааст.

Мақомоти Словакия маълумотро дар бораи ин шаҳрванди Тоҷикистон аз хадамоти махсуси ду кишвари хориҷӣ гирифтаанд. "Новобаста ба он ки пулис шахсияти ӯро медонист ва ба воситаи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, гумонбар дар Словакия озодона мегашт," – илова кард Матуш Шутай-Эшток.

"Ҳанӯз соли 2022 бояд дастгир ва ба Украина бозпас фиристода мешуд," – гуфт ӯ ва масъулияти, ба гуфтааш, “ин хаос”-ро ба дӯши ҳукумати пешини Словакия гузошт. Ин ҳукумат то моҳи октябри соли 2023 сари кор буд.

XS
SM
MD
LG