Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Полша, рӯзи 25-уми январ гуфт, “шикояти тарафи Тоҷикистон собит нашуд ва ӯро озод карданд.”
“Тасмим дорад, ки аз Словакия берун биравад,” – афзуд Бобоев.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин мавзуъро шарҳ надодаанд.
Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба “барангехтани кинаю адовати динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва “даъват ифротгароӣ” муттаҳам аст ва хеле барвақт Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори ҳабсашро содир карда.
Амриддин Холмуродови 37-сола, ки қаблан дар Украина мезист, моҳи феврали соли 2022 ҳангоми гузаштан аз сарҳади ин кишвар ба Словакия дастгир шуд. Сабаби боздошти ӯро дархости байнулмилалии Тоҷикистон донистанд. Вай тақрибан ду сол дар боздоштгоҳи шаҳри Кошисеи Словакия қарор дошт.
Ӯ пештар дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард.
Даҳҳо мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Аврупо ва кишварҳои дигар ҳастанд, ба гумони “терроризму ифротгароӣ” зери пайгард қарор доранд.
Низомиддин Насриддинов, як фаъоли иҷтимоӣ, ки моҳи январи соли 2023 ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир гардида буд, моҳи июли ҳамон сол ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ӯро ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум карданд.