Рейтерс: Путин ба оташбас розӣ аст, агар дар хатти имрӯзаи ҷанг боқӣ монад

Президенти Русия Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин омода аст, ки ҷанг дар Украинаро бас карда созиши оташбасро имзо кунад ва нирӯҳояшро дар хатти ҷанге, ки феълан қарор доранд, ҳифз намояд.

Дар ин бора рӯзи 24-уми май хабаргузории Ретерс бо такя ба чор манбааш хабар додааст. Ҳамзамон, дар сурати қабул накардани ин шартҳои Путин аз тарафи Киев ва Ғарб, Путин ҷангро идома хоҳад дод.

Ҳанӯз ин изҳоротро Маскав ё Киев шарҳ надодаанд. Путин пештар гуфта буд, ки агар онҳо “вазъи баамаломадаро ба инобат гиранд”, Русия ба музокира омода хоҳад шуд. Ҳамзамон ӯ таъкид кардааст, ки Русия ҳамоно талош дорад ба ҳадафҳои ба истилоҳ “амалиёти махсуси низомӣ” бирасанд. Ин истилоҳест, ки Маскав барои ҷанги Украина ба кор мебарад.

Путин гуфтааст, бо мақсади “халъи силоҳ ва аз нозиҳо озод кардани Украина” ба хоки ин кишвар ҳуҷум кардааст, ҳарчанд ин мақсадҳои то ҳол норӯшан боқӣ мемонанд. Мақомоти Украина гуфтаанд, ки танҳо баъди аз хоки Украина берун рафтани нирӯҳои Русия ва дар сатҳи марзҳои соли 1991 қарор гирифтани онҳо омода ҳастанд сари мизи гуфтушунид нишинанд.

Се манбаи Рейтерс, ки бо ҷузъиёти сӯҳбатҳои атрофиёни Путин ошно ҳастанд, гуфтаанд, ки президенти Русия дар миёни чанд мақомдоре аз он изҳори норизоият кардааст, ки мақомоти украинӣ намехоҳанд шартҳои ӯро қабул кунанд ва Ғарб ҳам онҳоро аз ин назар пуштибонӣ мекунад. Манбаи чоруми Рейтерс, ки қаблан бо Путин кор кардааст, гуфтааст, ки ӯ омода аст ҷангро “боздорад” ваё метавонад идома диҳад.

Дар посух ба саволи Рейтерс сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфтааст, ки “Русия тарафдори ҷанги доимӣ нест” ва омода аст сари мизи гуфтушунид нишинад, вале ба шарте, ки ба ҳадафҳои худ бирасад.

Манбаъҳое, ки Рейтерс ба онҳо такя кардааст, гуфтаанд, Путин ба ин назар аст, ки дар сурати созиши сулҳ мешавад чандин қаламраверо, ки Русия то ҳол ишғол кардааст, ба мардуми кишвар ҳамчун “пирӯзӣ” муаррифӣ кард.

Айни замон, ҳуҷуми навбатии васеъмиқёс сафарбарии мардуми зиёдро тақозо мекунад ва, ба қавли як манбаи Рейтерс, Путин бо назардошти ин ки айни чунин маърака сентябри соли 2022 бисёр вокунишҳои манфӣ дошт, намехоҳад бори дигар ба ин кор равад.

Эҳтимолан моҳи июн дар Швейсария як мулоқоти байналмилалие барпо шавад, ки дар он имкони хатми ҷанг баррасӣ шавад. Русия ба ин нишаст даъват нашудааст. Украина мехоҳад, ки даҳҳо кишвари даъватшуда мавқеи худро дар робита бо шартгузорӣ ба Русия ҳамоҳанг кунанд ва ин қарор чун шарти музокираҳои оянда қабул шавад.

Дар Маскав аллакай гуфтаанд, ки бо чунин формулаи сулҳ розӣ нестанд, чун он берункашии тамоми нирӯҳои Русия аз қаламравҳои ишғолиро пешбинӣ мекунад. Айни замон бархе намояндагони Русия гуфтаанд, ки бо мавқеи Чин мувофиқанд, ки гуфтааст, музокироти сулҳ бояд бе ҳеҷ пешшарт ба роҳ монда шавад.

Мақомот дар ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки дар асл Владимир Путин ҳоло ҳеҷ майле ба музокироти ҷиддӣ нишон намедиҳад ва Ғарбро дар он муттаҳам мекунад, ки ба Украина иҷозаи барпо кардани музокиротро намедиҳад.

Ҳамаи манбаъҳои Рейтерс гуфтаанд, ки Путин вақте мегӯяд, ки нияти ҳамла ба кишварҳои узви НАТО-ро надорад, дурӯғ намегӯяд. Масалан, бархе кишварҳои узви ин паймони низомӣ, аз ҷумла ИМА мегӯянд, дар сурати пирӯзӣ бар Украина ҳадафи баъдии Русия метавонанд кишварҳои назди соҳили Балтика шаванд.

Ҳоло дар ҷабҳаи ҷанг ташаббус дар дасти нирӯҳои русӣ аст, вале дар муддати чанд моҳи гузашта натавонистанд зиёд пешрафте кунанд. Муваффақтарин дастоварди яксолаи онҳо ишғоли Авдеевка мебошад.

Нирӯҳои украинӣ ҳарчи бештар ба ақибгоҳи нирӯҳои русӣ зарба мезананд.

Дар бораи ин ки Путин мехоҳад дар хатти феълии ҷабҳа ҷангро “ях занонад”, ҳанӯз охири соли гузашта ҳам чанд расонаи ғарбӣ хабар дода буд. Рейтерс моҳи феврал навишт, ки ИМА ингуна пешниҳодро рад кардааст. Расман ҳеҷ яке аз тарафҳо, аз ҷумла Маскав, Вашингтон ё Киев ҳеҷ гоҳ расман тасдиқ накардаанд, ки ингуна муколамаҳо ҷой доштааст.

Русия соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол карда, ҷудоиталабонро дар Донбасс дастгирӣ намуд. Феврали соли 2022 ҷанги васеъмиқёсеро дар хоки Украина оғоз намуд. Киев, Ғарб ва аксар кишварҳои узви СММ ин ҷангро таҷовузи беасос ба хоки Украина номиданд.

Русия тавонист қисме аз қаламравҳои Украинаро ишғол кунад. Аз ҳарду тараф то ҳол даҳҳо ҳазор низомиву ҳазорҳо мардуми осоиштаи Украина кушта шуданд. Дар миёни сокинони Русия ҳам қурбониҳо вуҷуд дорад. Ин азимтарин низои мусаллаҳона дар хоки Аврупо баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дониста мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар ҷанги Русия дар хоки Украина беш аз 500 кӯдак кушта шудаастУкраина аз ҳамлаи бесарнишинҳо ба Харков хабар додУкраина 20 ҳавопаймои бесарнишини Русияро задаастПутин барои мулоқот бо раҳбари Чин вориди Пекин шудАмрико ба Украина $2 миллиарди дигар кумак мекунадБлинкен ба Украина рафтааст, то ҳимояти Амрикоро баён дорад