Додситонии кулли Украина гуфт, ки аз замони ҳуҷуми Русия ба хоки ин кишвар 547 кӯдак кушта ва 1348 тифл маҷрӯҳ шудааст.
Дар паи оташборони артиши Русия болои шаҳри украинии Одесса дар таърихи 29-уми апрел як кӯдаки чорсола сахт маҷрӯҳ шуда рӯзи 23 май ҷон дод.
Рӯзи 13 май бунёди атфоли СММ – ЮНИСЕФ дар изҳороте гуфт, аз рӯзи таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022 дар Украина 1993 кӯдак кушта ваё маҷрӯҳ шудааст.
ЮНИСЕФ гуфтааст, ки ин омор ҳолатҳои расман ба қайд гирифташударо дар назар дорад ва эҳтимолан шумори воқеии кӯдакони қурбонии ҷанги беасоси Русия дар хоки Украина аз ин ҳам бештар бошад.