Блинкен шоми 13-уми май бо сафари аз пеш эълоннашуда аз Лаҳистон (Полша) ба Украина рафт.
Ӯ дар шабакаи "Х" (Твиттери собиқ) навишт, ки "боз ба Киев омадам, то пуштибонии ногусастании Амрикоро ба Украина баён дорам." Ҳимоят аз онҳое, ки ба гуфтаи Энтони Блинкен "озодияшонро аз таҷовузи Русия дифоъ мекунанд".
Владимир Зеленский барои боздидаш “дар ин лаҳзаи муҳим барои Украина” ба вазири умури хориҷии Амрико изҳори сипос карда, онро нишонаи хуб донистааст.
Қаблан сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфта буд, ки Блинкен ва раҳбарияти Украина хати ҷанг, кумакҳои нави амниятиву иқтисодӣ ва масоили дигарро баррасӣ мекунанд.
Аз замони ҳамлаи бедалели Русия ба Украина ин боздиди чаҳоруми Энтони Блинкен ба Киев аст. Сафари ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки охири моҳи апрел вакилони Амрико ба тақдими як бастаи нави кумаки низомӣ ба Украина розӣ шуданд. Кумаке ба арзиши 61 миллиард доллар.