Русия аз Тоҷикистон қасос мегирад? Назарҳо ба муносибатҳои печидаи ду тараф

Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав, 27-уми апрели 2024

Дар Тоҷикистон коршиносону таҳлилгарон ба бархӯрди ахири Русия нисбати тоҷикон, ки боиси вокуниши Душанбе шуд, назарҳои гуногун доранд. 

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки фишорҳои мақомоти Русия болои муҳоҷирони тоҷик як навъ қасосгириест, ки он ба нафъи худи Маскав низ нахоҳад буд. Ӯ рӯзи 29-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сӯи дигар “аз фарҳанги муҳоҷират бархурдор набудани ҷавонони тоҷик ва надонистани забони русӣ шояд аз сабабҳои дигар бошад, ки Русия ба муҳоҷирони тоҷик чунин муносибат мекунад”.

Абдумалик Қодиров афзуд: “Шояд яке аз сабабҳои дигар он бошад, ки дар солҳои охир муносибати Тоҷикистон, бахсус баъд аз шурӯъи ҷанг дар Украина дар сатҳи баланд нисбати Русия каме тағйир ёфт ва ҳукумати Тоҷикистон махсус нишон дод, ки мо дигар он нафароне нестем, ки нисбати мо бо беҳурматӣ муносибат карда шавад ва мо мехоҳем воқеан нисбати мо эҳтиром ба ҷо оварда шавад. Ҳамин муносибат ва ҳамин тарзи рафтор шояд, ки дар мафкураи роҳбарияти имрӯзаи Русия як ҳисси қасос, як ҳисси ниқоргириро ҷойгир кард. Он чӣ дар “Крокус” рух дод ва муҷримони асосӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, имрӯз ҳукумати Русия аз ҳамин фурсат истифода карда, аз мардуми тоҷик як “гӯсфандҳои қурбонӣ” сохта истодааст.”

Моҳи октябри соли 2022 раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасте дар шаҳри Остона аз ҳамтои русаш Владимир Путин хост, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро “ҳурмат” кунад. Бархе коршиносони дигар бар ин назаранд, ки рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои аврупоӣ боиси нигаронии Русия шудааст.

“Анҷоми дидору мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланд бо вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир ва роҳбарияти Ватикан ва инчунин Италия, ки аслан ин се кишвар дар робита ба ҳодисаҳо оид ба низоъи ҳарбӣ-сиёсӣ миёни Украина ва Русия, дар доираи стратегияи Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва ғайра муаммову мушкилиҳои зиёд дорад, боиси нигаронии Русия шудааст ва онҳо ин дафъа низ мувофиқи мақсад донистанд, ки аз муҳоҷирон чунин истифода кунанд. Аммо Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо кишварҳои аврупоӣ манфиатҳои худро дорад ва он бар асоси сиёсати бисёрсамтаи хориҷӣ сурат мегирад”- шарҳ дод, коршиноси сиёсӣ, Шокирҷон Ҳакимов.

То кунун садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон бо Русия ва фурудгоҳҳои Маскав банд мондаанд ва рӯзҳои ахир нигарониҳо аз тафтишу фишор ба тоҷикон дар қаламрави Русия бештар садо медиҳад. Дар пайи чунин амалкарди мақомоти рус, ҷониби Тоҷикистон сафири ин кишварро дар Душанбе ду бор ба вазорати умури хориҷӣ даъват намуда, эътирозу нигаронии ҳукуматро ба ӯ расонд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз "муносибати дағалонаи мақомоти Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон" ба сафири ин кишвар дар Душанбе нота (ёддошти эътирозӣ) супорид. Семён Григоревро рӯзи 29-уми апрел эҳзор карданд.

Ин ниҳод, дар баёнияе рӯзи 28-уми апрел вазъи шаҳрвандони дармондаи кишварро "душвор" ва шароити нигаҳдории онҳоро "нохуб" тасвир кард. Мақомоти Русия банд мондани хориҷиён, аз ҷумла тоҷиконро дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар рад накарда, аммо "муваққатӣ" ва "чораи пешгирӣ аз терроризм" номиданд.

Таҳлилгар Набӣ Юсупов мегӯяд, ба чунин иддаои ҷониби Русия наметавонад розӣ бошад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, агар ин кишвар мехоҳад, бо ҳадафи пешгирӣ аз ҷинояткорӣ тафтишро ҷиддӣ кунад, бояд бархурдаш бо шаҳрвандони ҳама кишварҳо якхел бошад.

Ба назари ҳамсуҳбатони мо, бархурди номуносиби мақомоти рус ба муҳоҷирони тоҷик барои ҳарду кишвар метавонад паёмадҳои нохубе дошта бошад. Русия як манбаи асосии даромади хонаводаҳои тоҷик ба ҳисоб меравад. Бозгашти онҳо ба назари таҳлилгарон, ба вазъи иқтисодии кишвар, ки пойбанди пули муҳоҷирон низ аст, таъсир мегузорад.

Таҳлилгар Абдумалик Қодиров бар ин бовар аст, ки худи Русия низ аз фишор болои муҳоҷирон ё бозгашти онҳо ба кишварҳояшон зарар хоҳад дид. Вай гуфт, муносибати сарди Русия бо муҳоҷирони тоҷик, ки феълан ба назар мерасад, барои муддати дароз идома нахоҳад ёфт. Зеро ба қавли ӯ, Русия ҳоло дар шароите нест, ки як шарики муҳими худро дар минтақа аз даст диҳад, ё барои расидан ба аҳдофаш аз роҳи фишор кор гирад.

Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро шарики стратегӣ медонанд. Тоҷикистон дар доираи чанд созмони минтақаӣ яке аз кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Русия аст ва дар бештари маврид аз иқдомҳои ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ низ дар Тоҷикистон ҷойгир аст.

Боздошту тафтиши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия пас аз ҳамла ба “Крокус Ҳолл Сити” бештар шуд. Мақомоти Русия то кунун дар пайванд ба ин ҳамла, ки 144 кушта барҷой гузошт ва масъулияташро ДОИШ пазируфт, 13 касро дастгир кардаанд – дувоздаҳ нафар аз Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон.