Дар хабарномае рӯзи 26-уми апрел Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтааст, ки ба сафири Русия дар мавриди мушкили убури Тоҷикистон аз марзҳои ин кишвар суҳбат шудааст. "Ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуд", омадааст дар хабари расмӣ.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, чанд ҳафтаи ахир “манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон хусусияти оммавӣ пайдо кардааст.”
Зиманан, рӯзи 26-уми апрел гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон хабар доданд, ки се рӯз боз дар фурудгоҳи «Внуково» ба онҳо ҳаққи вуруд ба хоки Русияро намедиҳанд. Онҳо гуфтанд, ки наздик ба 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар шароити нохубе дар ҳудуди фурудгоҳ дармондаанд. Бо ирсоли аксу видео муҳоҷирон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бархе се рӯз пеш ва бархеи дигар рӯзи гузашта аз шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон ба «Внуково» парвоз карда буданд.
Онҳо гуфтанд, ки мақомоти рус бе ҳеч шарҳе онҳоро иҷозаи убури марзро намедиҳанд ва дар як шароити нохубе нигаҳдорӣ мекунанд.
Пеш аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон аз сарҳади Русия бо Қазоқистон шикоят карданд, ки наметавонанд дар фурсати муайяншуда ба хоки ин кишвар ворид шаванд. Аз ҷумла, гурӯҳи муҳоҷирон аз нуқтаи марзии байни вилоятҳои Оренбурги Русия ва Уралски Ҷанубии Қазоқистон гуфтанд, ки аз 22 то 24-уми апрел 180 мошин бо шаҳрвадони Тоҷикистон дармондаанд ва марзбонони рус бо тафтиши бисёр мӯшикофонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вуруди онҳоро ба хоки Русия мушкил кардаанд.
Чанд сол боз муносибати мақомоти рус бо муҳоҷирони тоҷик бад аст, вале пас аз ҳодисаи ҳамла ба Крокус дар Маскав, ки чанд тоҷикро гумонбари он донистанд, муносибат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия - макони асосии кору даромад барои бисёри онҳо боз ҳам сангинтар шудааст.