Ӯ рӯзи 23-юми апрел дар мулоқот бо президент Серҷо Маттарелла дар қасри "Квиринал"-и Рум гуфт, "Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем."
Ин сафари нахустини расмии президенти Тоҷикистон ба Италия аст. Баъзе аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат ба зидди он эътироз карда, дар эъломияе аз ҳукумати Италия ва кишварҳои дигари аврупоӣ хостаанд, ки аз қабули раҳбарони худкома, аз ҷумла раиси ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эътирози баъзе аз намояндагони мухолифони тоҷик дар ЛитваТорнамои президенти Тоҷикистон навишт, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Серҷо Маттарелла густариши ҳамкорӣ дар бахши сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энержӣ, истихроҷи маъдану истифодаи захираҳои табиӣ баррасӣ шуд.
Ташкили хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Италия, мубориза ба зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои сайберӣ аз мавзъуҳои дигари суҳбат будааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин рӯз бо сарвазири Италия Ҷорҷа Мелонӣ ҳам мулоқот кард. Ду кишвар дар охир ҳафт санад, аз ҷумла ду созишнома имзо карданд. Яке аз онҳо дар мавриди ҳамкории амниятӣ ва дигаре бекор кардани раводид барои соҳибони шиносномаи дипломатист.
Сафари президенти Тоҷикистонро ба як давлати аврупоӣ мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон танқид карданд. Паймони Миллӣ, як созмони оппозитсионии мамнуъ дар Тоҷикистон, аз поймолшавии ҳуқуқу озодӣ, зиндониҳои сиёсӣ ва ба як ҳукумати худкома табдил ёфтани он дар беш аз сӣ соли истиқлол мисол овард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Италия ва танқиди мухолифонБаъзе аз коршиносон мегӯянд, рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ғарбӣ, бахусус пас аз ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл", ки Русия дар анҷоми он асосан тоҷиконро гунаҳкор кардааст, "бисёр муҳим мебошад".
Таҳлилгари амрикоӣ Брюс Паннир гуфт: “Ҷолиб аст, ки Италия дар минтақаи Осиёи Марказӣ бисёр фаъол мешавад. Дар Қазоқистону Узбекистон ва ҳатто Туркманистон тиҷоратҳое ба роҳ мондааст. Ба назари ман, Раҳмон ҳам инро як имконият барои рушд мебинад ва мехоҳад ба Кремл нишон диҳад, ки Тоҷикистон дӯстоне дорад. Ин чиз ба обрӯи Тоҷикистон обрӯ зам мекунад ва нишон медиҳад, ки ин кишвар танҳо нест ва дар бахши тиҷорат танҳо аз Русия ё Чин вобаста намебошад."
Паннир афзуд, "дар пайи ҳамла ба "Крокус" ва нақши Русия ва бардошта шудани низоми бераводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Туркия... ин сафар пеш аз ҳама нишон медиҳад, ки кишварҳои дигар дар бораи мардуми тоҷик назари дигар доранд ва набояд аз мардуми тоҷик ва тиҷорат бо Тоҷикистон ҳарос дошт."
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Рум дар ҳолест, ки 22-юми апрел ӯ дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Бритониё Дэвид Кэмерон мулоқот кард. Ин сафари аввалини раҳбари сиёсати хориҷии Бритониё ба Тоҷикистон буд, ки манфиати кишварашро дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ ва гуманитарӣ таъкид намуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Норак"-ро ба вазири бритониёӣ нишон додандКэмерон: Қирғизистон бояд ҳаққи интихоби шарикро дошта бошадВазири Бритониё дар Душанбе ба Э.Раҳмон чӣ гуфт?Паннир: "Сафари Кэмерон барои Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат муҳим аст"Шарҳи таҳлилгар дар бораи аҳамияти сафари Кэмерон ба Душанбе (1)Раҳмон Бритониёро "шарики муҳими Тоҷикистон" дар Аврупои Ғарбӣ донистСафари вазири корҳои хориҷии Бритониё ба Тоҷикистон